Get Mystery Box with random crypto!

Шумо хушбахтед? Далели хушбахт будани Шумо чист? Доштани сарв | АРМОН ТВ Тоҷикистон 🇹🇯

Шумо хушбахтед?
Далели хушбахт будани Шумо чист?
Доштани сарвати бузург хушбахтист?
Доштани моли гаронарзиш хушбахтист?
Канори худ доштани духтарони парирухсор хушбахтист?
Канори дустонат то нисфи шаб қарор доштан хушбахтист?
Шояд....
Аммо аз ин дида болотар ва гаронтар касоне ҳастанд, ки хушбахтии шуморо меафзояд.
Вақте ки кӯдакед ва бори аввал ба мактаб меравед аз дасти Падару Модаре медоред. Ин хушбахтист.
Вақте ки гурусна мемонед зуд ба хона меоед, зеро бовар доред, ки падаре ҳаст, ки маҳсулот овардаю Модаре ҳаст, ки ғизо бароят омода кардааст.
Ин хушбахтист.
Вақте ки оиладор мегардед. Аз субҳ то шом кори зиндагист. Вақте беҳолу бемадор ба хона меоед, ҳамсаре шуморо бо лабханд пешвоз мегирад ва Шумо ҳама хастагиатонро бартараф мекунед.
Ин хушбахтист.
Вақте ки пайи кори зиндагиед ҳамсаратон кӯдаке ба дунё меорад, ҳама мушкилоти зиндагӣ бо як табассуми кӯдак аз миён меравад.
Ин хушбахтист.
Вақте ки дар роҳ равони ба кӯдаки ятимеро мебини, чизе аз барои дилсузӣ ба ӯ медиҳӣ у бо лабханд туро дуо медиҳаду ташаккур мегӯяд.
Ин хушбахтист.
Эҳ хушбахтиро метавон дар сари ҳар нафас эҳсос кард.
Танҳо иродаи қави лозим...
Ё с и н / @khasta_dil

@ARMONTV