2021-05-20 17:35:22
Инак, Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро кушода гуфта эълон мекунем
Ҷашнвора рӯзҳои 20, 21, 22-уми майи соли равон, аз соати 17:00 то 19:00 дар формати онлайнӣ ва оффлайнӣ дар "Хонаи СИР"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Маросими ифтитоҳии ҷашнвора доир гардид ва иштирокчиёни он бо якдигар ошноӣ пайдо карда, бо барнома шинос шуданд.
Пас аз маросими ифтитоҳи ҷаласаи панелӣ дар мавзуъи "СИР дар ҳаёти рӯзмара" доир гардид.
Дар он коршиносони соҳа аз нақши СИР дар ҳаёти рӯзмарраи мо нақл намуда, таъкид карданд, ки донандаи саводнокии иттилотиву расонаӣ будан на танҳо барои рӯзноманигорон, балки барои ҳама хеле муҳим аст.
"Далелсанҷӣ дар давраи пандемия ва ё ҳангоми сар задани ин ё он низое, ки дар марз ба вуҷуд омад, бештар талабот пайдо кард. Зеро, ҷараёни иттилооти азими бардурӯғ боиси паҳн шудани хабарҳои ҷаълӣ ё фейкҳои гуногун миёни мардуми одӣ шуд", - мегӯяд Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj
"Доимо дар донишгоҳ муаллимон ва ё дар ҷои корӣ муҳарриронамон ба мо мегуфтанд, ки пеш аз нашри ин ё он иттилоот ҳадди аққал аз се манбаъ онро бисанҷед. Вале таҷрибаи далелсанҷӣ нишон медиҳад, ки ин принсип ё талаботи журналистика, мутаассифона, на ҳамеша риоя карда мешавад. Танҳо он расонаҳое, ки ба фаъоляти худ арҷ мегузоранд ва онро қадр мекунанд, ба тафтиши дубораи иттилоот машғуланд".
Ҳамзамон камбудиҳои кориро низ мураббии расонаӣ таъкид кард:
"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".
Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро шарики #internewstj - "Центр медиации и разрешения конфликтов" доир мекунад.
Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.
#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
85 viewsJMB, 14:35