🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Шайхул-араби вал-аҷам, орифу биллоҳ, ҳазрати мавлоно шоҳ ҳаким | 🎓РОҲИ ҲИДОЯТ📝

Шайхул-араби вал-аҷам, орифу биллоҳ, ҳазрати мавлоно шоҳ ҳаким Муҳаммад Ахтар раҳимаҳуллоҳ

Одоби ишқи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам (1)

Ду навъ муҳаббат
Аз ояти
«قُلْ اِنْ کُنْتُمْ تُحِبُّوْنَ اللهَ فَاتَّبِعُوْنِیْ یُحْبِبْکُمُ اللهُ»
Маълум ме‎шавад, ки ҳар муҳаббат назди Аллоҳи мутаъол қабул нест. Муҳаббат ду навъ аст: яке муҳаббати мақбул ва дигаре муҳаббати мардуд яъне номақбул мисли инки касе баъд аз намози аср нафл бихонад дар Бухории шариф омода аст, ки паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ме‎фармояд: баъд аз намози аср ҳеҷ нафле ҷоиз нест. Агар касе бигӯяд, ки ман ба Аллоҳи мутаъол муҳаббат дорам ва дарвозаи хонаро бибандад ва боихлос намоз бихонад ва ихлосаш ҳам онқадар бошад, ки на зан ва бача‎аш ӯро бубинанд ва на шахси дигар, холис барои Худо нафл бихонад аммо боз ҳам ба хотири нофармонии паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам на ихлосаш қабул аст ва на нафл‎ҳояш. Пас собит шуд, ки муҳаббати Аллоҳи мутаъол ба пайрави аз суннат ҳосил ме‎шавад.

•┈┈┈••●◆❁✿❁◆●••┈┈┈•

Ислоҳ ва тазкияи нафс

https://telegram.me/tazkiyai_nafs