🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

#МУЛОҲИЗА Соатҳои умумии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

#МУЛОҲИЗА

Соатҳои умумии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз рӯи стандарти давлатӣ:

Синфи 11:
Забон – 1 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 10:
Забон – 1 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 9:
Забон – 2 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 8:
Забон – 2 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 7:
Забон – 2 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 6:
Забон – 3 соат
Адабиёт – 2 соат

Синфи 5:
Забон – 3 соат
Адабиёт – 2 соат

Аз сабаби дар баъзе мактабҳо барои 1 соат ба забони русӣ аз ҳисоби забони модарӣ ҷудо карда шуданаш, маҷбур ҳастем, аз нақшаи стандарт 1 соатӣ кам кунем.

Дар синфҳои 10-11 аз адабиёт ихтисор карда шуд.

Дар синфҳои 7-8-9 аз забон 0,5 соат, аз адабиёт 0,5 соат ихтисор карда шуд.

Эътибор диҳед: Барои ҷо ба ҷо гузоштани соатҳо шумо метавонед дар нимсолаи 1-ум забонро аз рӯи 2-соатӣ ва адабиётро аз рӯи 1-соатӣ гузаред. Ва дар нимсолаи 2-юм бошад, баръакс, адабиётро аз рӯи 2-соатӣ ва забонро аз рӯи 1-соатӣ гузаред.

Дар синфҳои 5-6 бошад, аз забон 1-соатӣ ихтисор карда шуд.

Доир ба нашри китобҳои дарсии нав гап бисёр аст. Лекин ин масъалаи дигар аст, сонитар бо шумоён муҳокима хоҳем кард.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g