🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Соли 1945, дар арафаи хатми донишкада, Муҳаммадҷони Шакуриро р | Атри сухан

Соли 1945, дар арафаи хатми донишкада, Муҳаммадҷони Шакуриро рӯзномаи "Тоҷикистони сурх" ба кор, вазорати маъориф ба навиштани китобҳои дарсӣ даъват, вазорати корҳои хориҷӣ идомаи таҳсилро дар мактаби дипломатии Маскав пешниҳод кард, ки пас аз хатми он мактаб ба кори дипломатӣ машғул шавад. Институти таърих, забон ва адабиёт низ хостори идомаи фаъъолияти илмии вай дар ин даргоҳ шуд.

Ниҳоят, устоди ғамхораш Носирҷон Маъсумӣ ӯро дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба кор гирифт. Вале чун моҳи августи соли 1945 дар Кӯлоб Донишкадаи дусолаи муъаллимин таъсис ёфт, вазорати маъориф ӯро ба он ҷо фиристод. Бо сабаби беморӣ баъди як соли муъаллимӣ бо тавсияи пизишкону кумаки Абдулғанӣ Мирзоев ва амри Бобоҷон Ғафуров, ки котиби Кумитаи Марказии ҳизби кумунист буд, боз ба Душанбе баргашт.

Ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор даромада, солҳои 1945-1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши ифоданок (хониши матн), равиш (методика)-и омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамин тариқ, кам не, дар 65 соли омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷик, комёбу муваффақ гардид.

Истеъдоди фитриву қобилияти беандоза ва баракати илму дониш соҳибномаш гардонданд. Аз муъаллими одии унвонҷӯй то дараҷаи доктори улуми филология, профессор, академики АИ Тоҷикистон расид. Ҳарчанд дар оғози роҳ барои устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозода пешпояш доданд, аз ин ноомади кор ноумед нагардид. Ба хотир меоварад, ки "он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигарӣ Холиқ Мирзозода ва севумӣ Шарифҷон Ҳусейнзода.

Хости замон ин буд, ки онҳо, чун ҳамаи нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология, аз якдигар айби сиёсӣ биҷӯянд ва айби якдигар бигӯянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷӯйии сиёсӣ дар миён буду бас. Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст."

Рисолаи номзадиаш "Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)"-ро баъди ҷусторҳои зиёди бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбеву Самарқанд ва Тошканду Маскав омода ва дар кафедра баррасиву фишурдаи он - авторефератро ба русӣ тарҷума кунонда, ба ҳимоя омодагӣ медид, ки Абдулғанӣ Мирзоев Аҷзиро на равшангару маъорифпарвар, балки аз ҷадидону миллатгароёни буржуазӣ қаламдод мекунад.

Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии мавзӯъи рисолаи номзадӣ бармехезад, вале баъди чанде ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ мешавад. Дар натиҷа, Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, 29 декабри соли 1952, дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми ҶШС Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ мекунад, ки мубоҳисаи тӯлоние (аз соати 19-00 то 3-00) идома меёбад.

Вале аз рӯйи анъанаи тоҷикӣ ва тақозои замон, ба ҷуз соҳиби рисола, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқ Мирзозодаи адабиётшиноси раҳбари илмӣ, касе ҷуръат намекунад, ки хилофи фикри котиби Кумитаи марказии ҳизб Алиқул Имомов, раиси маҷлис, чизе бигӯяд. Оқибат маҷлис натиҷагирӣ мекунад, ки Аҷзӣ шоири иртиҷоисту осори вай бояд омӯхта нашавад.

Бо ҳамин, ба заҳмати чандинсолаи унвонҷӯйи ҷавон хатти бутлон кашида, рисолаи номзадиашро лағв мекунанд. Илова бар ин, аз рӯйи қоъидаву қонуни он замон, хавфе пеш омад, ки ба устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозодаву худи ӯ тамғаи "миллатгаро" бизананд. "Агар дар дигар ҷумҳурии шӯравӣ мебудем, Х. Мирзозодаву маро ҳабс мекарданд. Аммо Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёиёнро ба ҳабс бигиранд", - ба хотир меоварад он лаҳзаву айёми барояш тақдирсозро.

Китобе, ки чоп нашуд

Хушбахтона, чунин зарбаи дар оғози зиндагӣ бар андомаш фуровардаи қисматро таҳаммулпазирона пушти сар ниҳод, ин нокомии ногоҳонӣ шасташро нагардонид ва ӯ, соли 1953, мавзӯи дигареро барои таҳқиқу омӯзиш интихоб кард, ки "Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии "Ёддоштҳо"-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)" унвон дошт.