🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

#Фароғат Юлдуз Турдиева 'Дарди ишқ' Паси ин панҷараи танҳоӣ | Атри сухан

#Фароғат

Юлдуз Турдиева

"Дарди ишқ"

Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам ҷонаки ман мемирад.
Ба дилам ғусса чаро медонӣ?
Ту магар ҳоли маро медонӣ?
Ба ду поям задаи занҷира
Ишқам дар дили ман мемирад.
Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам дар дили ман мемирад.
Ҳама дам дидани ту меоям
Ба умеде зи раҳи фардоям.
Ту магӯ оҳ шудаям дилгират,
Ишқам дар дили ман мемирад.
Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам ҷонаки ман мемирад.

Сафармуҳаммад Абдураҳим