🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Ҳилагарона ё беандешагии инқилобии Файзулло Хоҷа дар Бухоро Б | Атри сухан

Ҳилагарона ё беандешагии инқилобии Файзулло Хоҷа дар Бухоро

Беандешагии инқилобии Файзулло Хоҷа чанд бор зоҳир шуд ва нахустин бор як сол пеш, яъне моҳи апрели соли 1917 ҳамаро ба ҳайрат оварда буд.

Мехоҳам кўтоҳак ба ин воқиа диққат ҷалб бикунам. Чун 7 апрели 1917 фармони ислоҳот эълон шуд (онро Шарифҷон махдуми Садри Зиё дар Арк хонда ба диққати ҳозирони сершумор расонд), соати сеи ҳамон рўз сарварони
ҷадидия ба ҳавлие гирд омада машварат оростанд, ки рўзи дигар ба шодмонии фармони амир намоиш бар по бояд кард ё не?

Бисёре аз ҳозирон барпо кардани «намоиши шукрона ва шодиёна»-ро лозим надонистанд. Ба вежа Абдулвоҳиди Мунзим (Бурҳонов), Муҳиддини Рафъат, Мусо Саидҷонов (аз
Кумитаи марказии созмони ҷавонбухороиён), инчунин Садриддини Айнӣ, Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва дигарон ба намоиш сахт муқобил баромаданд.

Аммо Файзулло Хоҷа ва тарафдорони ў ҳамоно ба пешниҳоди худ пофишорӣ мекарданд. Онҳо «намоиши инқилобӣ» барпо кардан мехостанд.

Дар он ҷаласа Маҳмудхоҷаи Беҳбудии Самарқандӣ, ки ба маросими эълони ислоҳотнома даъват шуда буд, низ ширкат дошт.

Чун мубоҳиса хеле кашол ёфт ва тезу тунд шуд, Беҳбудӣ пешниҳод кард, ки ба пеши элчии Русия Миллер намоянда фиристанд ва бифаҳманд, ки ў ба намоиши ҷадидон розӣ аст ё не.

Ин пешниҳод қабул шуд ва Файзулло Хоҷаро бо се нафари дигар ба дафтари Миллер фиристоданд.

Файзулло Хоҷа дар рисолаи мазкури худ навиштааст: «Миллер кратко ответил делегатам, что он не советует манифестировать».

Яъне Миллер иҷозат надод, ки намоиш баргузор шавад. Аммо бинед, ки Файзулло чӣ менависад: «Утром следующего дня, явившись в магазин «Ширкат Баракат», я застал там покойного Фазлиддина Максума и Абдул Вахида Бурханова (Мунзим-М.Ш.).

Эти двое, противники манифестации, под клятвою спросили меня правда ли, что Миллер согласился на манифестацию. Я дал уклончивий ответ».

Ин гап чӣ маънӣ дорад? Маънои ин гап ҳамин аст, ки агарчи Мунзим Файзуллоро қасам дода пурсида буд, Файзулло рости гапро нагуфт, дурўғ гуфт. Дурўғи ў ин буд, ки Миллер чандон ба намоиш зид нест. Ва бо ин беандешагии ў
намоиш оғоз ёфт.

Бо баҳонаи ин намоиш, чунонки гуфтем, иртиҷоъ боло гирифт ва террор сар шуд. Хайрият, ки дар ин террор ҳеч нафаре кушта нагардид (ғайр аз Мирзо Назруллоҳи Ғафурзода, ки 9 апрели 1917 баробари устод Айнӣ 75 чўб ва ба қавли Файзулло Хоҷа 150 чўб хўрда буд ва пас аз се рўз дар бемористони русони Когон вафот кард), вале маорифпарварӣ торумор шуд.

Аммо дар «воқиаи Колесов» (марти 1918) дар Бухоро террори бузурге оғоз шуд, ки ба шумурди худи Файзулло Хоҷа ё созмони ҷавонбухороиён дар ин террор 3000 нафар кушта шуд.

Даҳшатҳои террори соли 1918-ро устод Айнӣ дар «Ҷаллодони Бухоро» тасвир кардааст.

Файзулло Хоҷа он гоҳ ҳамагӣ 21-22 сол дошт (тав. 1896). Аз ҳамин солҳои ҷавонӣ Файзулло мехост, ки бо ҳар роҳ, ки бошад, ҳатто бо моҷарову иғво, бо дурўғу фиреб, ба мақсади
худ бирасад. Ва аксари мавридҳо азму иродаи қавӣ ўро ба мақсад мерасонид.

Ба ин тариқ тавон гуфт, ки фаъолияти сиёсии Файзулло дар апрели 1917 ва марти 1918 бо дурўғу фиреб ва фитнаи худғаразӣ оғоз ёфта буд. Ин роҳи ў то поёни умраш идома дошт.
***
Солҳои 1918, 1919 ва 1920 Файзуло Хоҷа бисёр
бикўшид, то мақомоти шўравии Туркистон ва Маскавро бар ин бовар биоварад, ки Бухоро бо таблиғоти ниҳонкорони ҷавонбухороиёни инқилобӣ (ҷадидони гуреза) ба инқилоб тайёр шудааст ва агар Артиши Сурх ба сўйи Бухоро юруш сар бикунад, инқилобиён аз даруни Бухоро сар бардошта амирро сарнагун мекунанд.

Агарчи моҳи марти соли 1918 ошкор
гардид, ки чунин баёнот бебунёд аст, Файзулло Хоҷа ҳарчӣ бештар ба он фикри худ пофишорӣ мекард. Мақомоти шўравии Туркистон ҳам барои густариши кори таблиғотии созмони ҷавонбухориён (ки баъд Ҳизби ҷавонбухориёни
инқилобӣ ном гирифт) ва Ҳизби коммунистии Бухоро ёрмандиро дареғ намедоштанд.

Дар бораи таблиғоти пинҳонӣ ки гўё дар байни аҳолии Бухоро густариш меёфт, дар навиштаҳои оид ба таърихи инқилоби Бухоро, аз ҷумла, дар навиштаҳои худи Файзулло Хоҷа шарҳу баён зиёд аст.