🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Дуд агар боло нишинад, касри шони шӯъла нест, Ҷойи чашм абрӯ н | Атри сухан

Дуд агар боло нишинад, касри шони шӯъла нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, чункӣ ӯ болотар аст.
Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст.
Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст.
Шасту шоҳид ҳарду даъвии бузургӣ мекунанд,
Пас чаро ангушти кӯчак лоиқи ангуштар аст?!
Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст.
Соибо, айби худат гӯ, на айби дигарон,
Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст.



Соиби Табрезӣ