Get Mystery Box with random crypto!

Ғалабаи «Истиқлол» бар пешсафи Лигаи наврасон Дар даври 14-уми | FC Istiklol Dushanbe

Ғалабаи «Истиқлол» бар пешсафи Лигаи наврасон
Дар даври 14-уми Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) «Истиқлол» бар пешсафи мусобиқот дастаи «Орзу-2026» дастболо шуд.
Дар бозии марказии давр футболбозони навраси тими “Истиқлол” бо ҳамсолони худ аз дастаи «Орзу-2026» вохурданд. Рақобати ду дастае, ки дар ҷойҳои якуму дуюми ҷадвал ҷойгиранд, ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Пас аз 14 даври бозиҳо «Орзу-2026» ҳоло ҳам дар садри ҷадвал қарор дорад – 33 хол, «Истиқлол» бо касби 28 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир мебошад.
Дастаи КМВА бо 27 хол дар зинаи сеюм қарор дорад.

Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18)
Даври 14-ум
«Истиқлол» - «Орзу-2026» – 3:2
Голҳо:
Хақназари Мусаяб, 34 (0:1). Хақназари Мусаяб, 40 (0:2). Фазлиддин Раҳимов, 77 (1:2). Диловар Ҷамшедзода, 86 – худгол (2:2). Масрур Гафуров, 90+1 (3:2).
Бозингари беҳтарини вохурӣ: Масрур Гафуров («Истиқлол»).

Натиҷаи дигар бозиҳо:
«Арал» – «Суғд» – 2:3
«Регар-ТадАЗ» – «Пахтакор-Динамо» – 2:1
«Соро компания» – «Равшан» – 6:0
«Ҷайҳун» – КМВА – 0:6