Get Mystery Box with random crypto!

«Истиқлол» ва «Пойтахт» барандагони медалҳои биринҷиро муайян | FC Istiklol Dushanbe

«Истиқлол» ва «Пойтахт» барандагони медалҳои биринҷиро муайян хоҳанд кард
Фардо, 23 октябр, дар доираи бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон вохурӣ барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа баргузор мегардад.
Дебютанти Лигаи касбии футзали кишвар «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Пойтахт» вориди рақобат хоҳад шуд. Аз руи натиҷаи ин бозӣ барандагони медалҳои биринҷии чемпионати мамлакат муайян мегардад. Ин бозӣ дар дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор мегардад. Оғози рақобат соати 14:00.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Бози барои ҷои 3-юм
23 октябр (шанбе)
«Истиқлол» - «Пойтахт»
Оғоз соати – 14:00
Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.