🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

«Истиқлол» ва «Соро компания» иштирокчии нимфиналро муайян мек | FC Istiklol Dushanbe

«Истиқлол» ва «Соро компания» иштирокчии нимфиналро муайян мекунанд
Фардо, 27 октябр, вохурии ҷавобии ¼ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Соро компания-2» доир мегардад.
Бозии аввали рақибон дар доираи Ҷоми кишвар оид ба футзал бо ҳисоби якхелаи 6:6 хотима ёфта буд. Ғолиби ҷуфти мазкур дар даври ниманиҳоӣ бо дастаи «Сипар»-и Хуҷанд кувваозмоӣ менамояд.

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал-2021
Даври ¼ ниҳоӣ. Бозии дуюм
27 октябр (чоршанбе)
Оғози вохурӣ – 14:00
«Соро компания-2» - «Истиқлол»
Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бозии аввал – 6:6