🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Ғалабаи бузурги мунтахаби олимпии Тоҷикистон Мунтахаби ҷавонон | FC Istiklol Dushanbe

Ғалабаи бузурги мунтахаби олимпии Тоҷикистон
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ҳамсолони худ аз Непалро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё- 2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
Непал - Тоҷикистон - 0:6
Голҳо: Шервони Мабатшоев, 24 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 32 (0:2). Рустам Соиров, 39 (0:3). Муҳаммадали Азизбоев, 64 (0:4). Ваҳдат Ҳанонов, 68 аз пеналти (0:5). Эмомалӣ Аҳмадхон, 72 (0:6).

Пас аз ин ғалаба мунтахаби Тоҷикистон ба садри ҷадвал баромада, бо таносуби голҳо аз дастаи Эрон пеш гузашт. Бозии ҳалкунанда байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Эрон дар доираи даври сеюм рузи 31 октябр доир мегардад.