🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Футзал: «Истиқлол» мавсимро ба итмом расонд Дастаи футзали «Ис | FC Istiklol Dushanbe

Футзал: «Истиқлол» мавсимро ба итмом расонд
Дастаи футзали «Истиқлол» мавсими Лигаи касбии футзалро бо бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон ба итмом расонд.
Дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи футзали «Истиқлол» бо тими «Сипар» ду дидор ба анҷом расонда, дар ҳарду вохурӣ дучори бохт шуд. Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» дар аввалин мавсими худ дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуда, то марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми мамлакат рафта расид.

ЖАРА-Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал
Нимфинал
Бозии аввал
«Истиқлол» – «Сипар» – 2:5
Голҳо:
Самандар Ризомов, 10 (1:0). Вахтанг Кекелия, 23 (1:1). Муҳаммади Асламхон, 25 (2:1). Рустам Ҳомидов, 26 (2:2). Рустам Ҳомидов, 31 (2:3). Парвиз Раҳматов, 33 (2:4). Умед Кузиев, 34 (2:5).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ҳомидов («Сипар»).

Бозии ҷавобӣ
«Сипар» – «Истиқлол» – 5:0
Голҳо:
Шавкат Ҳалимов, 3 (1:0). Вахтанг Кекелия, 5 (2:0). Шавкат Ҳалимов, 12 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 30 (4:0). Умед Кузиев, 32 (5:0).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Шавкат Ҳалимов («Сипар»).