2021-06-09 14:47:08
Қабули дархостҳо барои иштирок дар Ҷоми КФ “Истиқлол” оғоз ёфт
Кумитаи тадорукоти Ҷоми ФК «Истиқлол» оид ба футболи хурд оғози қабули дархостҳо аз тимҳоро барои иштирок дар мусобиқа, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, эълон менамояд.
Панҷумин мусобиқаи ҷашнии бонуфузи футбол аввали моҳи июл оғоз мешавад. Дар Ҷоми навбатии КФ “Истиқлол”, ки ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатӣ рост меояд, дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои ҳама намуди моликият, муассисаҳои бонкӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд.
Имсол роҳбарияти ФК “Истиқлол” тасмим гирифтааст, ки фонди ҷоизавии мусобиқаро зиёд кунад. Фонди умумии ҷоизаи мусобиқа 140 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Ба дастаи ғолиб Ҷом, медалҳо ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Финалисти мусобиқа 40 ҳазор сомонӣ хоҳад гирифт. Ба барандаи медалҳои биринҷӣ мукофоти пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Роҳбарони дастаҳо ва беҳтарин бозигарон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳаққи иштирок дар мусобиқа 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқа бозигарони синнашон аз 23 сола боло иҷозат дода мешаванд.
Бозигарони касбӣ, ки дар бозиҳои лигаи олӣ, аввал ва инчунин дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ ва футзали касбии кишвар (Серияи "Про" ва Серияи "А") бозӣ мекунанад, дар мусобика иштирок карда наметавонанд. Агар чунин бозигарон муайян карда шаванд, даста аз иштирок дар мусобиқа хориҷ карда мешавад. Либоси дастаҳо бояд ба қоидаҳои бозӣ мувофиқ бошад, ҳатман бо рақамҳо.
Ба рӯйхати дархост на зиёда аз 15 (понздаҳ) бозингар ва сармураббӣ, иҷозат дода мешавад. Қабули дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа то 25 июн идома меёбад.
Кумитаи тадорукоти Ҷоми ФК "Истиқлол" ҳамаи дастаҳоро барои иштирок дар мусобиқа даъват менамояд!
Барои маълумот метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 989000009, 987100000, 987351111.
Суроғаи почтаи электронӣ: info@fc-istiklol.tj
157 viewsРасулов Сиёвуш, edited 11:47