Get Mystery Box with random crypto!

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ НАМОЗҲОЙ ҚАЗОЙ Хон | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ



НАМОЗҲОЙ ҚАЗОЙ

Хондани намози фарз ё воҷиб пас аз гузашти вақти намоз , онро қазо гуянд .
Масалан касе пас аз тамом шудани вақти зуҳр (пешин) намози зуҳр ро бихонад ин намоз қазой гуфта мешавад. Касе ки як намоз ро нахонда дар аввалин фурсате ки мутаваҷҷиҳ мешавад бояд қазой он ро баҷо оварад бидуни ъузри шаръи, аз таъхири он гунаҳкор мегардад. ( نسائي )


МАСОИЛИ НАМОЗҲОЙ ҚАЗОЙ

1: Агар аз шахсе чанд намози он қазошуда бошад бояд дар аввали вақт қазой онҳоро бихонад. ( در مختار)

2: Барой хондани намози қазой ҳеҷ вақти мушахасе нашуда аст дар аввалин фурсат, бояд бихонад албата дар авқоти манҳия набошад. ( در مختار)

3: Агар намозе бидуни аз ҳадаф ва қасде қазо гардад, масалан фаромуш шавад ё бо фарорасидани вақти намоз, хоб бар он ғалаба кунад ва бихобад дар ин суратҳо дар нахустин вақте ки барой он муяссар мешавад, бихонад. ( در مختار)

4: Агар аз касе то ҳол фақат як намоз қазошуда аст, ё эҳёнан чанд намози мутаъаддиде қазо шуда вале онҳоро хонда аст, ҳоло бояд ин намозро бихонад сипас намози вақтро адо кунад. Чун хондани намоз вақт пеш аз хондани намози қазой дуруст нест. Албата агар ба камбуди замон мавоҷиҳ аст аввал намози вақт ро бихонад зеро ин намозҳам қазо мешавад.( در مختار)

5: агар аз касе як намоз то панч намоз қазо шуда аст ва ҳеҷ намозе ғайр аз ин намози қазой бар зимай ин нест. Аз аввал чавоне ҳаргиз намозе ҷуз ин чанд намоз , қазо нашуда аст. Бар ин фард лозим аст ки нахуст намозҳой қазошуда ро бихонад сипас намози вақт ро адо кунад ва дар зимн бояд намозҳой қазой ба тартиб хонда шавад.( هدایه )

6: Агар аз касе шаш намоз қазо шавад ва дар ин сурат хондани намозҳой қазой пеш аз намоз вақт онҳам ба тартиби шабона рузи лозим нест. Ҳар замон фурсат ёфт намозҳой худро бихонад..( هدایه )

7: се чиз тартибро барҳам мезанад: 1_ зиқи вақт (танги вақт)
2_ хондани намозҳой қазой фаромуш шуда бошад.
3_ беш аз шаш намоз қазошуда бошад.
Ин се чиз тартиб ро соқит мекунад.

8: Агар намози витри касе қазо шуда аст ( вамосивой ) ғайри витр ҳеҷ намози қазой бар зимма надорад. Бар ин лозим аст ки аввал намози витр ро бихонад сипас намози фаҷр (бомдод) ро адо кунад.
Агар касе мутаваҷиҳ буд ки витри шаби гузаштай он қазо ва бо вуҷуд будани он, у аввал намози фаҷр ро мехонад дар ин сурат бояд пас аз хондани намози витр , намози фаҷр ро низ иъода кунад. ( در مختار)

9: Фақат намозҳой фарз ва витр қазой дорад. Суннатҳо қазой надоранд.
Вале агар касе намози фаҷри ҳамон рузи худро мехоҳад бихонад ҳоло агар пеш аз завол аст у метавонад суннатҳой фаҷр ро адо кунад. Албата агар баъд аз зуҳр бихонад, танҳо ду ракаъат фарз хонда мешавад. ( ،در مختار مراقی الفلاح)

10: Агар касе мувафақ нашуд ки суннат ҳой фаҷр ро бихонад, у метавонад пас аз тулуъи хуршед бихонад. ( شامی )

11: Агар касе то поёни зиндаги худ ҳаргиз намози қазой нахонда аст , бар ин мусалмон ваҷиб аст ки ба ворисони худ супориш кунад то дар баробари ҳар намози фарз ва витр садақае ба миқдори садақай фитр ба фуқаро аъто намоянд. Дар сурате ки супориш нашавад лозиман он бо зиндаги саршор аз гуноҳ дунёро тарк карда аст.( در مختار )

12: Агар касе тавба мекунад ва ба хондани намоз иқдом менамояд бар ин воҷиб аст ки тамоми намозҳое ки то акнун нахонда аст, қазой онҳо ро баҷо оварад.
Танҳо бо тавба кардан ва ё фидя додан намоз мавриди бахшиш қарор намегирад.
Албата худи нахондани намоз , гуноҳе аст ҷудогона ки бо тавба кардан маъоф мешавад. ( بهشتی زیور ).


التماس دعا قاری زاده