🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ Одобу ахлоқи некӯ дар Ислом ҳамчун | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ

Одобу ахлоқи некӯ дар Ислом ҳамчун зербино ва пояи асосӣ барои эҷод, касб ва рушди иқтидори ақлӣ, илмӣ ва ҳукуматӣ шинохта мешавад.
Адаб барои фаҳму бовар ва амал ба маорифи динӣ дар ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣ ва ба хусус дар ҷанбаҳои қудратӣ ва ҳукуматӣ дорои ҷойгоҳи муҳим ва асаргузор аст, то онҷо ки адаб идоракунандаи ақл ва қудрати инсон дониста мешавад.
Мудир ва неруи корӣ аз дидгоҳи Ислом бояд одоб ва ахлоқро дар тамоми мароҳили фикр, тарҳ ва иҷрои корҳо дахолат диҳад. Чун адаб аст, ки эҷодкунандаи камол, шарофат, басират, тезҳӯшӣ ва ақлоният дар инсон ва иҷтимоъ аст. Бинобар ин ҳар шахси толиби камол ва саодат, дар ҷойгоҳи шогирд бошад ва ё устод, масъул бошад ва ё ҳоким, корманд бошад ва ё вазир, бояд адаб ва ахлоқи мавриди назари Исломро дошта бошад ва барои он ҷойгоҳи меҳварӣ ва асосӣ қоил бошад. Яъне ҳамаи фикру гуфтор ва рафторашро бар асоси он танзим кунад.
Бо ин нигоҳи исломӣ, адаб натанҳо як амри шахсӣ ва фардӣ, балки як асли мабноӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар тамоми мароҳили зиндагии башарият ва навъи нигоҳ ва рафтору робитааш бо Худо, худ ва дигарон ва ҳатто дигар мавҷудот, нақши асосӣ дорад. Ғафлат аз ин амри мабноӣ ва асосӣ, чунон зарба ва зараре ба фард ва ҷомеа мезанад, ки ҳатто натавонад аз неъматҳои моддӣ низ ба хубӣ баҳра бибарад, балки истифода аз манобеъ ва неъматҳои табиӣ низ аз масири ҳақ хориҷ ва дар ҷиҳати манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ва бар зарарӣ дигарон қарор мегирад, ки дар натиҷа ҷомеаро ба нобудӣ ва шақовати дунёӣ ва ухравӣ савқ медиҳад.

Бо муқаддимае, ки дар бахши якум баён гашт, ҳоло лозим аст нигоҳе дошта бошем ба мафҳум ва дигар паҳлӯҳои матраҳ дар мавзӯи “Адаб ва ахлоқи мусалмонӣ”, то мухотаби ин навиштор, бо омодагии бештар вориди зиндагӣ, тафаккур ва амал дар чорчубаи “одоб ва ахлоқи мусалмонӣ” гардад.

Мафоҳим
Барои фаҳми беҳтари ҳар илм ва андеша, бояд вожа ва мафоҳиме, ки дар он матраҳ астро ба хубӣ дарк ва онгоҳ ҷумла ва гузораҳое, ки дар он мавзӯъ зикр мегардадро таваҷҷуҳ, таҳлил ва фаҳм намоем, то дар марҳилаи амал кардан ба онҳо, дучори саҳву хато нагардем ва бо номи илми “одоби мусалмонӣ” ба инҳироф ва каҷроҳа ворид нашавем. Чунон, ки аз номи ҳамин илми ба сабаби фаҳму дарки ғалат ва нобаҷо гурӯҳе ҷомеаи башариро фирорӣ ва гурӯҳи бисёреро аз ин унвони “одоби мусалмонӣ” рӯҳафтода гардондаанд. Гурӯҳеро ба ифрот(зиёдаравӣ) ва гурӯҳеро ба тафрит(кутоҳӣ) водор кардаанд. Аммо ончи ҳақ ва раво ва мавриди пазириши ҳар ҳақталаб ва оқиле низ ҳаст, ҳамон чизест, ки иншоаллоҳ дар ин матн, дар ҷиҳати ошноӣ ва ироаи таърифи ҳақиқи аз он ҳастем.

Адаб
Калимаи “Адаб” аз решаи арабӣ ба маъноҳои “рафтори некӯ, риёзат ва адабкардани нафс, дуо, таълим ва тарбият ва ҳусни тановул омадааст. (Баъзе аз аҳли илм, байни вожаи “адаб” бо вожаи “ахлоқ” фарқи асосӣ гузоштаанд, аммо дар ниҳоят метавон “адаб”-ро ҳамон “ахлоқи некӯ” донист. Р.к: Назратуннаим, имоми ҳарами маккӣ, ҷ2, с141. Мисбоҳулмунир, Фаюмӣ, с10. Тоҷул-Арус, Зубайдӣ, ҷ1, с276. Алмуҳкам вал-Муҳитул-Аъзам, ҷ9, с285).
Муалллифони “Таҳзибул-луғат ва Муъҷамул-мақоисул-луғат” мегӯянд адаб дар лисони араб ба маънои “даъвати мардум барои ҷамъ шудан бар сари суфра аст.