Get Mystery Box with random crypto!

Дар яке зиндони Олмон солҳои 60 - ум маҳбусон аз бераҳмии посб | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Дар яке зиндони Олмон солҳои 60 - ум маҳбусон аз бераҳмии посбонон ва бадрафтории шадид азият мекашиданд.
Дар байни маҳбусон як маҳбусе бо номи Шмидс буд, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст, аммо ин маҳбус аз имтиёзҳои хуб ва аз эҳтироми посбонон бархурдор буд, ки ин маҳбусони боқимондаро боварӣ мебахшид, ки ӯ дар байни онҳо мисли ҷосус ҷойгир карда шудааст. Шмидс ба онҳо қасам мехӯрд, ки мисли онҳо як маҳбус аст ва ба ҳеҷ хадамоти махсус иртибот надорад. Касе ба ӯ бовар намекард, бинобар ин маҳбусон пурсон шуданд:
- Мо мехоҳем бидонем, ки чаро посбонони зиндон бо Шумо муносибати дигар доранд?
Шмидс ба онҳо нигариста гуфт:
- Хуб, бигӯед, ки Шумо дар номаи ҳафтаина ба хешовандонатон чӣ менависед?
Ҳама гуфтанд:
- Мо дар номаҳои худ оид ба бераҳмии зиндон, беадолати ёдовар мешавем, ки дар ин ҷо аз дасти ин посбонони лаъин азият мекашем.
Шмидс бо табассум ба онҳо нигариста гуфт:
- Ҳар ҳафта ман ба ҳамсарам мактуб менависам, дар сатрҳои охир бартариҳои зиндон, доир ба посбонон ва муносибати хуби онҳо бо ман ва дигарон дар ин ҷо зикр мекунам, ҳатто баъзан номи баъзе аз посбонони зиндонро бо хислатҳои хубашон меорам.
Баъзе аз маҳбусон бо ҳиссиёти ҳайрат зада гуфтанд:
- Ин ҳама дар бораи имтиёзҳое, ки Шумо дар номаатон мегӯед, аммо дар асл чунин нест, чаро ҳақиқатро намегуед?
Шмидс гуфт:
- Мактубҳои мо зиндонро тарк намекунад, то посбонон онҳоро нахонанд?
Ҳафтаи нав шурӯъ гардид маҳбусон дар ҳайрат монданд, ки ҳама посбонони маҳбас муносибати худро ба маҳбусон бадтар карданд ҳатто Шмидс ҳамроҳи онҳо буд ва ба таъқиботи бераҳмонатарин гирифтор шуд.
Пас аз чанд рӯз Шмидс аз баъзе маҳбусон пурсид:
- Шумо дар номаҳои ҳафтаина гузашта чӣ навиштед?
Маҳбусон гуфтанд:
- Мо навиштем, ки Шмидс ба мо роҳи нави фиреб додани посбонони лаъинро омӯхт ва сазовори боварӣ ва розигии онҳо шуд!
Дар ин замон Шмидс бо дард ба рухсораҳояш зарба зад ва дастони худро мисли девона ба рӯйи худ кашида, нишаст...

__Кумак расонидан ба дигарон хуб аст ва беҳтар аст бидонед, ки бо кӣ суҳбат мекунед... на ҳар шунаванда мураббӣ ва нигаҳбони сирр аст... бархе аз атрофиён метавонанд вобаста ба вазъ рафтори худро тағйир диҳанд...
-Аз ҳад зиёд озод нашавед, зеро Шумо намедонед, вақте гӯш мекунанд, хиёнат мекунанд.