Get Mystery Box with random crypto!

Эй холиқи арзу само, эй розиқи шоҳу гадо, Кардам басе ҷурм | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Эй холиқи арзу само, эй розиқи шоҳу гадо,

Кардам басе ҷурму гуноҳ, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Кардам гуноҳи беадад, донам, ки бад кардам чӣ бад,

Ин аст вирдам, эй Аҳад, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Чандон, ки кардам тавбаҳо собит нагаштам бар вафо,

Зин феъли бад, эй Подшоҳ, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Дар ҳубби дунё рўзу шаб саргаштаам андар талаб,

Ё Раб макун бар ман ғазаб, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Дорӣ, ки то ҷон дар бадан ноҳақ забон андар даҳан,

Ҳар дам бигў мискин Фарид, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.