🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Фарқ байни таассуб дар мазҳаб ва пойбанд будан дар мазҳаб | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Фарқ байни таассуб дар мазҳаб ва пойбанд будан дар мазҳаб

Аллома Ибни Обидини Ҳанафӣ дар "Уқудуд-дур-рийяҳ фӣ танқиҳил-фатово ал-ҳомидийя" мегӯяд:

قال فخر الإسلام لما سئل عن التعصب قال:
الصلابة في المذهب واجبة،
والتعصب لا يجوز .
والصلابة أن يعمل بما هو مذهبه ويراه حقا وصوابا،
والتعصب السفاهة، والجفاء في صاحب المذهب الآخر وما يرجع إلى نقصه ولا يجوز ذلك فإن أئمة المسلمين كانوا في طلب الحق وهم على الصواب.

- Вақте аз Фахрул Ислом (Баздавӣ) дар бораи таассуб пурсида шуд фармуд:

"Салобат ва пойбанд будан дар мазҳаб лозим аст ва таассуб ҷоиз нест.

Салобат ва пойбанд будан инаст, ки ба ончи дар мазҳабаш ҳаст амал кунаду онро ҳақ ва саҳеҳу дуруст донад.

Таассуб иборат аст аз нодонӣ ва хушку холӣ будан ва ҷафо намудан бар мазҳаби дигаре ва ноқис донистан он.

Ва ин (таассуб) ҷоиз нест, зеро пешвоёни мусалмонон (уламои аҳли суннат) ҳамагӣ дар талаби ҳақ буданд ва онҳо бар равиши саҳеҳ буданд"
(Уқудуд-дур-рийяҳ фӣ танқиҳил-фатово ал-ҳомидийя" ҷ2 саҳ:233)

Натиҷа:

1. Пайравони мазоҳиби чаҳоргона ки ҳар яке аз фиқҳи мазҳаби худ пайравӣ намуда ҳамдигарро ҳақ медонанд инро "Салобат - пойбанд будан ба мазҳаб - гӯянд" ки мақбул асту лозим!

2. Аммо пас аз 13 - аср баъзеҳо зуҳур кардаву танҳо худ ва бардошти шайхҳои худро ҳақ медонанду тарафи муқобилро ноқису ноҳақ ва касе мувофиқи бардошти онҳо амал накунад ӯро баъзан гумроҳ медонанд инро мегӯянд "ТААССУБ"!.
****
Аллоҳ Таъоло моро аз таассуб раҳоӣ бахшаду салобатро насибамон кунад!

•┈┈┈❁ ❁┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon