🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Эътироф ва иқрори ҷинҳо, ки онро яке аз роқиҳо нақл мекунад: | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Эътироф ва иқрори ҷинҳо, ки онро яке аз роқиҳо нақл мекунад:

1: Ёди Аллоҳ таъоло мадади сеҳрҳои берунаро қатъ мекунад.

2: Сураи Бақара моро мағлуб мекунад ва месӯзонад.

3: Мо наметавонем дохили ҳуҷрае шавем, ки дари он бо "Бисмиллоҳ" қулф карда шуда бошад.

4: Мо ба оби хунук тоб оварда наметавонем, зеро он моро ба ҳайрат ва тааҷҷуб меорад.

5: Шахси мӯъмин покдил ва Худотарс аст, Аллоҳро аз таҳти дил мепарастад, ки аз қалбаш нур мебарояд ва он нур тамоми баданашро комилан иҳота мекунад. Пас мо наметавонем ӯро шикаст диҳем, мо аз он метарсем, ки нури ӯ моро месӯзонад.

6: Иқрор шудани ҷинҳо, ки дар вақти хондани руқя ба онҳо таъсир мерасонад. Мегӯяд, ки аз таҳти дил хондани Қуръон ба мо таъсир мерасонад.

7: Зикри "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шайън қадир", яъне, "ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст ва шарике надорад, подшоҳӣ ​​ва ситоиш аз они Ӯст, ​​ва Ӯ ба ҳар кор Тавоност".
Агар инро 100 маротиба хонед, нур шуморо иҳота мекунад.

8: Ҳайкалҳо ва расмҳои овезон дар хонаҳо барои мо диққатҷалбкунанда ва шавқовар аст, зеро онҳо дорои неру ва қувва ҳастанд, ки мо ба сабаби онҳо пурқувват мешавем.

9: Мо шуморо васваса мекунем, то намозҳоро таъхир кунед, хусусан намози фаҷр, аср ва шом. Ва ҳам шуморо аз зикрҳо парешон мекунем, то битавонем ба шумо сеҳрро дохил кунем.

10: Мо дар ҷойҳое, ки мардум рақс, суруд ва мусиқӣ менавозанд, ҳозир мешавем. Барои он, ки бо суруду мусиқӣ мо қувват мегирем.

11: Агар мо дастҳои худро бар пешониатон гузорем, пас он шахс мувофиқи ирода ва хоҳиши мо роҳ мегардад.

12: Фариштагон дар остонаи хонаҳое, ки Қуръон тиловат карда мешавад ва дар он зикри Аллоҳ шудааст, меистанд. Аммо мо бошем, наметавонем дохили хона шавем.

13: Кори хайр ва нек ба мо таъсир расонда моро мағлуб мекунад.

14: Мо наметавонем шуморо бубинем, агар пеш аз даромадан ба ҳоҷатхона бигӯед: (Аллоҳумма инни аъузу бика минал хубси вал хабоиси).

15: Агар дар вақти воҳима ва тарси сахт "Аъузу биллоҳи минаш шайтонир" гӯед, шумо моро аз дохил шудан ба баданатон боз медоред.

16: Садақа ва хайроти шумо моро бисёр азоб медиҳад.

17: Намози шаб моро заиф карда азоб медиҳад.

18: Мо аз бӯйи нохӯш ва бад қувват мегирем ва аз покии бадан ва таҳорат заиф мешавем.

19: Дуо моро бисёр месӯзонад ва нобуд мекунад.

20: Дар ҳар коре, ки мардум аз Аллоҳ таъоло кӯмак пурсидаанд, мо наметавонем ба онҳо таъсир расонем.

21: Мо дар рӯзи Ҷумъа заиф ҳастем.

22: Имони пурқувват ва яқину боварӣ моро хеле мағлуб мекунад.

23: Хӯрдани хурмо ва сиёҳдона қуввати моро суст мекунад.

24: Мо аз бӯйҳои хӯш, ба мисли бӯйи миск нафрат дорем.

25: Мо дар моҳи шарифи Рамазон хеле заиф мешавем.

26: Сураи Залзала сеҳри пошида ва дафншударо ботил ва нобуд мекунад.

Агар шумо хонданро ба охир расондед, пас аз худ чизе гузоред ва ё дар зери он Истиғфор ва ё Субҳоналлоҳ бинависед, то барои шумо низ аҷру савоб бошад.