🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Ҳазрати одам панҷ васият ба фарзандаш Шис кард ва дастур дод ӯ | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Ҳазрати одам панҷ васият ба фарзандаш Шис кард ва дастур дод ӯ низ ин васиятҳоро ба фарзандаш бигӯяд.

1. Ба дунё мутмаин нашавед, ки ман ба биҳишти ҷовид итминон ёфтам, Худо ин итминонро написандид ва берунам кард.

2. Ба ройи ( фикри) занон рафтор накунед, ки ман ба майли зан амал кардам ва аз дарахт хӯрдам ва пушаймон шудам.

3. Ҳар коре, ки мехоҳед бикунед аввал оқибаташро бингаред, ки ман агар оқибатандешӣ карда будам, ба ин мусибат дучор намешудам.

4. Кореро, ки дил дар анҷомаш ором надорад накунед, ки ман ҳангоми хӯрдан аз он дарахт дилам меларзид, аммо эътино накардам, хӯрдам ва пушаймон шудам.

5. Дар корҳо машварат кунед, агар ман бо малоика машварат мекардам гирифтор намешудам....(?)