🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ТАВСИЯҲО БАРОИ ТИҶОРАТКОРОН: Фақеҳи бузург Абулайси Самарқан | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

ТАВСИЯҲО БАРОИ ТИҶОРАТКОРОН:

Фақеҳи бузург Абулайси Самарқандӣ (р.ъалайҳ) фармуд: “Касе, ки мехоҳад дастовардаш ҳалол ва пок бошад, бояд ба панҷ чиз диққат диҳад:
Ба хотири пул ба даст овардан, ягон фарзи Худоро ба таъхир нагузоштан ва ҳеҷ гоҳ дар онҳо камбудие нишон надодан.
Ҳеҷ махлуқи Худоро барои фоида наранҷонидан.
Мақсад аз фоида он аст, ки худи шахс ва оилааш ба одамон мӯҳтоҷ нашаванд, танҳо барои ғаразҳои дунявӣ молҳоро ҷамъ ва афзун накардан.
Барои ба даст овардани пул кореро, ки карданаш мушкилӣ ба бор меорад ва машаққати зиёд дорад, накардан.
Донистани он, ки ризқро Худованд медиҳад, аммо меҳнат низ боиси ризқ мегардад.
Хирадманде гуфт: “То он даме, ки дар тиҷораткор се хислати зерин мавҷуд набошад, вай дар дунё ва охират бенаво хоҳад буд:
Нигоҳ доштани забони худ аз ин се чиз; дурӯғ, сухани беҳуда ва қасамхӯрии зиёд.
Дилро аз ин се хислат пок нигоҳ доштан; фиреб кардани одамоне, ки ба ӯ эътимод доранд, хиёнат ва ҳасад.
Се хислати зеринро риоят кардан; намози ҷумъа ва намоз хондан бо ҷамоатро тарк накардан, илмҳои барои дин заруриро омӯхтан ва ризои Худоро аз ризояти махлуқот боло нигоҳ доштан."