🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Ман ҳақиқатро фақат як бор дидам, Лаҳзае, ки Шӯравӣ пошида буд | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Ман ҳақиқатро фақат як бор дидам,
Лаҳзае, ки Шӯравӣ пошида буд.
Он замон аз чеҳраи ҳар пардадоре
Ҳамчу дар барзах
Ниқоб афтода буд.
Ман шариатро фақат як бор дидам.
Лаҳзае, ки як муаллим
Дар замони Шӯравӣ
Пинҳон намози хешро мехонд.
Ман тариқатро фақат як бор дидам
Лаҳзае, ки як гадо дар мулки афғон
Ниманонашро
Бо муҳоҷирҳои тоҷик кард тақсим.
Баъд аз он хобида будам
Чун шудам бедор
Сояамро дида бар девор
Хешро нашнохтам дигар.
Одаму олам ҳама бегона буд,
Сояам ҳатто фирорӣ буд.
Аз қафояш медавидам дар ба дар,
Ман ҳақиқатро намеёбам дигар
Дар суроғаш
То кунун овораам бо чашми тар.
Ман ҳақиқатро намеёбам дигар!
(Беҳрӯз Забеҳулло)