🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Аз ин 6 навъи Занон бипарҳезед. Ба хотири ҳамин аст уламо | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Аз ин 6 навъи Занон бипарҳезед.

Ба хотири ҳамин аст уламо мефармоянд:

Бо 6- навъи занон издивоҷ накунед.

Худатонро аз ин 6 навъи занон дур бигиред.

- 6 навъи аз занон сабаби мушкилот дар хона ва зиндагӣ ҳастанд.

- 6 - гурӯҳи занҳо сабаби талх кардани зиндагӣ барои мард ҳастанд.

Ба хотири ҳамин имрӯз агар занат яке аз ин сифоти шашгонаро дошта бошад, ба хотири Аллоҳ баргард ва ӯро насиҳат кун.

- Бигӯ: Эй зан ба хотири ризои Аллоҳ аз ин сифат даст бикаш, ки бо он маро озор доди.

Аввалин сиффат аз ин сифоти шашгона;

1) أنّانه - "Аннона"

- Худатро аз зане, ки ба ӯ Аннона гуфта мешавад дур нигаҳ дор. Анона ба зане гуфта мешавад, ки бисёр "Шикоят" мекунад ва худро ба бемори зада нола мекунад, ва ҳаргиз аз зиндагии худ рози нест.

2) المَنّانّه - "Маннона"

Зане, ки ба хотири коре ки мекунад бар шавҳараш миннат мекунад, ва мегӯяд; - Ман барои ту чунин ва чунон кардам. Зане, ки бар шавҳараш миннат мегузорад ва ба ӯ мегӯяд; - Ту чи ҳасти? То вақте занат шудам чизе надошти. Ман туро соҳиб мол ва пул кардам. Аммо гоҳе по фаротар мегузорад ва бо як беодоби ба шавҳараш мегӯяд: Ман будам, ки туро мард кардам.

3) الحنًانه - "Ал Ҳаннона"

Зане, ки ба мардони дигар аз ҷумла хешовандон ва наздикони худ, тамоюл дошта ва меҳр меварзад. Зане, ки доиман дар мавриди марди дигаре ҳарф мезанад. Фалон касро диди барои ҳамсараш чи кор мекунад? фалон мардро диди чи кор мекунад? Мардони гузашта чунин ва чунон мекарданд. Ва агар зан шавҳари дувум карда бошад, аз шавҳари аввал ҳарф мезанад мисле ки ӯ хушахлоқ буд ӯ барои ин коро мекард ӯ бароям инро мехарид ӯ бароям тамоми коро мекард. Ин гуна зан бадбахт аст вале худ хабар надорад ва эй бародарам аз ин гуна занҳо дур бош. Зеро марди ҳақиқи аз ин гуна ҳарфҳои зан шикаста мешавад ва аз дарун таманнои марг мекунад.

4) البرَّاقه - "Барроқа"
Барроқа - зане, ки бештари вақти худро сарфи ороиш ва зебои худ карда, ва дар ороиш зиёдаравӣ мекунад. Шабу рӯз дар назди Ойина аст ки хона ва фарзандонашро раҳо кардааст.

5. الحدّاقه - Ал ҳаддоқа

Зане, ки ҳар чизеро мебинад онро орзу карда ва шавҳарашро ба сахти андохта ва беш аз тавонаш аз ӯ интизор дорад. Чашмаш ҳарчиро бубинад онро талаб мекунад ва ба шавҳараш фармон медиҳад, ки бояд ҳатман онро барояш бихарад ҳато агар шавҳараш онро қарз кунад. Агар шавҳараш онро қарз кунад ва ё бо пули ҳаром бихарад барояш муҳим нест.

6) شدَّاقه - "Саддоқа"
Зане, ки дар мавриди чизҳое, ки иртибот ба ӯ надорад бисёр ҳарф мезанад ва суол мекунад ва суханони беҳудаи бисёр мекунад. Зане ки бисёр ҳарф мезанад ва шабу рӯз сари шавҳарашро бо зиёд ҳарф задан бибарад ин шаш зан сабаби нороҳати мушкилоти зиндаги барои шавҳараш аст.

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед @hidoyati_zanon