🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Намедонам шунидаед ё не... Мегӯянд вақте асб аз рудхонае ё бол | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Намедонам шунидаед ё не...
Мегӯянд вақте асб аз рудхонае ё боли обе гузар кунад, аввал обро лойолуд мекунаду баъд мегузарад.
Медонед барои чӣ?
Чун тасвири худашро дар об мебинад ва таҳти ҳеч шароите пояшро рӯи он сурат намегузорад. Чун фикр мекунад, ки ҳамнавъи худаш зери об аст, дар ҳоле ки як акс аст.

Аммо мо одамҳо
Рӯи дили ҳамдигар,
Рӯи шахсияти ҳамдигар,
Рӯи эҳсосоти ҳамдигар,
Ва рӯи касоне, ки дӯстамон медоранд ва шояд дӯсташон медорем...
Хеле осон пои худро мегузорему мегузарем...