🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ঊঈ═─┅ Дар ҳама шаҳр | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ঊঈ═─┅


Дар ҳама шаҳр хабар шуд, ки ту маъшуқи мани,
Ин ҳама дурию парҳезу такаббур чи куни?

Ҳадду андозаи ҳар кор падидор бувад,
Мабар аз хад, санамо, саркашу кибриву мани.

Аз паи он ки қазо ошиқи ту кард маро,
Ин ҳама тири чафо бар мани мискин чи зани?

Аз ғамии ту ғаниям в-аз ҳама олам дарвеш,
Нест чун ман ба ҷаҳон аз ғам дарвеши ғани.

Ин дам аз олами ишқ аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумари қиммати худ мешикани.

Гар ту хохи, ки чу Аттор шави дар раҳи ишқ,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.

◍⃟ #Аттори_Нишопурӣ