Get Mystery Box with random crypto!

Барон Ротшилд, дар китоби “Зарбуламасалҳои муваффақият”, менав | ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Барон Ротшилд, дар китоби “Зарбуламасалҳои муваффақият”, менависад: «Бе зарурият бо ашхос муошират накунед». Мумкин аст каме сарду беэътино ба назар расад, аммо ба хотир дошта бошед, ки зиндагии шумо гаронбаҳо ва арзишманд аст. Зиндагии шуморо дақиқаҳо ва соатҳои ҳар рӯза ташкил медиҳанд. Наметавонед ин замони маҳдудро сарфи муошират бо касоне бикунед, ки на метавонед ба онҳо кумак кунед ва на онҳо метавонанд ба шумо кумак кунанд. Бояд ба диққат аз фурсати худ истифода ва аз он посдорӣ кунед. Бенҷамин Франклин менависад: «Оё зиндагиро дӯст медоред? Пас вақти худро талаф накунед, зеро зиндагӣ аз вақт сохта мешавад».