🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Ҷониби ишқ моилам Шаб ҳама шаб қалам занам хотири гуфтугӯйи т | Nigina Amonqulova

Ҷониби ишқ моилам

Шаб ҳама шаб қалам занам хотири гуфтугӯйи ту,
Рӯз шавад қадам занам ман пайи ҷустуҷӯйи ту.

Моли кадом кишварӣ, гӯ Малакӣ ë Қамарӣ,
Шавқи ҳазор оварад дидани ҳусни рӯйи ту.

Ҷилва намо ба сӯйи ман, эй гули сарву ëсуман,
То ба машом оварам накҳати тори мӯйи ту.

Майлу ҳавойи ошиқӣ лаҳза ба лаҳза дам ба дам,
Кӯча ба кӯча мебарад, то бирасам ба кӯйи ту.

Ғунчагули муҳаббатам, бурдаӣ сабру тоқатам,
Нозу адову дилбарӣ мақсаду орзӯйи ту.

Бо ҳама хоҳиши дилам ҷониби ишқ моилам,
Розу ниëз мебарам баҳри висол сӯйи ту.

С. Қодирӣ