🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ПАНДНОМАИ ИСЛОМИ

Logo of telegram channel pandnomai_islomi — ПАНДНОМАИ ИСЛОМИ П
Logo of telegram channel pandnomai_islomi — ПАНДНОМАИ ИСЛОМИ
Channel address: @pandnomai_islomi
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 259
Description from channel

🌿💚️️《بِسمِ اللهِ الرَّحمٰنِ الرَّحیٓم》💚🌿
۞ نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ۞

Бандагони маро огоҳ соз ки ман бисёр омузанда ва меҳрубонам

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

1


The latest Messages

2021-08-26 18:33:02 Шаби ҷумъатон гулборон бо садои ва салавот бар расуллалоҳ
Имшаб шаби ҷумъа аст салавот бифристед бар касе ки рӯзи қиёмат нидо мезанад
Умати,Умати,Умати,

Аллоҳума салли оло Муҳаммад с.а.в ва ало оли Муҳаммад с.а.в

@Pandnomai_Islomi
77 viewsمحمد, 15:33
Open / Comment
2021-08-23 06:52:28 #Қиссаи_хеле_ибратомӯз

Ятимдухтаре ба шавхар баромад. Шавҳараш ниҳоят марди дуруштхӯй буд ва ба вай зулм мекард. Зани бечора аз ночорӣ ба модараш шикоят мекард вале кумаке намерасид.
Дар муддати даҳ муносибати шавҳараш ва аҳли он оила бадтар шуда буд.
Модараш расидани марги худро мушохида намуда ба духтараш гуфт:
Агар пас аз марги ман дилат танг гардад, ба хонаам биё, ракъате чанд намоз бихон ва ҳангоми саҷда дарди дилатро ба Аллоҳ гӯй.
Пас аз марги модараш ҳафтае як маротиба ба хонаи модараш омада ба Аллоҳ Таъоло рози дил мегуфт.
Пас аз чанд вакт ба шавхараш расониданд:
Ҳамсарат ҳафтае як маротиба ба хонаи модараш меравад, дар ҳоле, ки он ҷо касе зиндагӣ намекунад, ғамгин меравад, вале шоду табассумкунон бармегардад. Ҳатман, бо касе вомехӯрад, ба ту хиёнат карда истодааст.
Шавҳар аз ин суханон дарғазаб шуда қарор дод, ки ҳамсарашро ҳангоми хиёнат дастгир кунад. Рӯзе оҳиста аз қафои занаш рафту дид, ки ҳамсараш таҳорат карда, ба намоз истода саҷдаи дурудароз карда гиря мекунад ва мегӯяд:
Парвардигоро, шавҳарамро ҳидоят кун. Аҳли оилаашро ҳидоят кун. Онҳо маро азият медиҳанд. Парвардигоро, ба қалби шавҳарам раҳм андоз, меҳр андоз. Ман ӯро дӯст медорам, вале ӯ ба ман танҳо дарду ранҷ мерасонад. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ сухани пурмеҳру муҳаббат нашунидаам. Ман ӯро мебахшам, Парвардигоро ту ҳам ӯро бахш.
Аз ин суханон шавҳар ба гиря даромад, рафта ҳамсарашро ба оғӯш кашид, аз ӯ узру бахшиш пурсид ва ваъда дод, ки дигар зулм нахоҳад кард.
Ҳамон шаб зан дар хоб дид, ки шахсе мегӯяд:
Ба модарат даҳ сол шикоят кардӣ кӯмаке надиди, хамагӣ як моҳ ба Аллоҳ Таъоло шикоят кардӣ, шавхарат дигаргун диди.
Хакко,Ки парвардигорат аз модарат мехрубонтараст...

@Pandnomai_Islomi
127 viewsمحمد, 03:52
Open / Comment
2021-08-03 14:04:40
Ба ҷои он ки

сайъ куни

ҷавоби одамҳои

манфиро бидиҳи

лаззати сукутро

таҷриба кун

@Pandnomai_islomi
195 viewsمحمد, 11:04
Open / Comment
2021-07-31 06:30:35
Агар хоҳони ислоҳи қалбат, фарзандат, бародарат ё ислоҳи ҳар шахси дигаре ҳастӣ, ӯро дар боғи Қуръон ва дар миёни ёрони Қуръон қарор бидеҳ.

— Имом Шофеӣ
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
202 viewsمحمد, 03:30
Open / Comment
2021-07-28 07:47:41 Ё Аллоҳ
Гуноҳони сағира ва кабираи моро маъф бифармо ва ризояти Худатро насиби ҳамаи уммати Муҳаммад с.а.в бифармо

Ё Аллоҳ
Қалб аз марг тавбаи насфҳ насиби ман ва азизонам ва тамоми уммати Муҳаммад с.а.в бигардон

Ё Аллоҳ
Калимаи шаҳодатро ҳангоми марг бар забонамон ҷори бигардон

Ё Аллоҳ
Моро аз азоби қабр наҷот бидеҳ ва қабрамонро боғе аз боғҳои биҳишт бигардон

Ё Аллоҳ
Саволоти малоик (мункар ва никр)ро бар мо осон бигардон

Ё Аллоҳ
Убур аз пули сиротро бар мо осон гардон ва моро ба дуст ва шафиъамон ва расуламон Муҳаммад с.а.в бирасон

Ё Аллоҳ
Рӯзи маҳшар зери сояи аршат моро ҷой бидеҳ ва ҳисоб ва китобамонро осон гардон

Ё Аллоҳ
Номаи аъмоламонро ба дасти ростамон бидеҳ

Ё Аллоҳ
Дидори Худат ва пайомбар Муҳаммад с.а.в ро насибамон кун


Ё Аллоҳ
Моро дар муқобили худ ва расулат шарманда ва шармсор магардон

Ё Аллоҳ
Шафоати расулаллоҳ с.а.в ро насибамон бифармо

Ё Аллоҳ
Оби ҳавзи кавсарро аз дасти сарварамон Муҳаммад с.а.в насибамон гардон

Ё Аллоҳ
Намоз ва рузаҳоямонро ба даргоҳат қабул бифармо

Ё Аллоҳ
Моро пойбанди намоз ва суннатҳои Расулаллоҳ с.а.в бигардон

Ё Аллоҳ
Тамоми рафтагонро мавриди раҳмат ва мағфирати худат қарор бидеҳ

Ё Аллоҳ
Дили модаронамонро ва падаронамонро шод бигардон ва ба хостаҳояшон бирасон ва ҷаннатулфирдавсро ҷойгоҳашон қарор деҳ

Ё Аллоҳ
Шарри золимонро аз сари мардуми мусалмон кам бигардон

Ё Аллоҳ
Тамоми маризонро шифои оҷил марҳамат фармо

Ё Аллоҳ кӯмакамон кун фарзондонамонро ҳамон тавр ки ту ар-раҳмон ар-раҳмин меписанди тарбият кунем

Ё Аллоҳ
Фарзандонамонро садақаи ҷорияе барои мо қарор бидеҳ

Ё Аллоҳ
Бародарон ва хоҳарони мусалмони моро ҳамсар ва авлодони солеҳ ато кун

Ё Аллоҳ улламои исломро ҳифз бигардон

Ё Аллоҳ
Марги бо иззат насибамон кун

Ё Аллоҳ
Ҳамаи ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят кун

Ё Аллоҳ
Дилҳои моро аз ҳасад ва кина ва душмани пок бигардон ва муҳаббати худ ва пайомбар с.а.в ро дар дилҳоямон қарор бидеҳ

Ё Аллоҳ, Ё Аллоҳ, Ё Аллоҳ

@pandnomai_islomi
226 viewsمحمد, 04:47
Open / Comment
2021-07-27 17:39:58 Зино қарз аст...

Зино қарз аст, имрӯз ту мегирӣ, фардо хоҳар, модар, ҳамсар ва ё духтарат пас медиҳад. Мутмаин бош, ки ду амал дар ҳамин дунё ҷуброн дорад; яке зино ва дигаре беэҳтиромии волидайн.

Худованд дар Қуръони карим босароҳат мефармояд: Занони нопок ба мардони нопок лоиқанд ва мардони нопок ба занони нопок лоиқанд. Ва занони пок ба мардони пок лоиқанд ва мардони пок ба занони пок лоиқанд... (Нур - 26)

Ҳамчунин Имом Шофеӣ мефармояд: "Зино қарз аст ва дар зудтарин фурсат яке аз узви хонаводаат онро пас медиҳад".

Пас эй бародар ва хоҳари мусалмон, покдоман бош!

@Pandnomai_islomi
191 viewsمحمد, 14:39
Open / Comment
2021-06-05 19:54:10
#Оя: Наздик шуд ба мардум ҳисоби (амалҳои) онҳо ва онҳо ҳамчунин дар ғафлату (аз ҳузури он рӯз) рӯйгардонанд. Сураи Анбиё ояи 1)

#Тафсир: Худованд дар ин оят мардуми ғафлатзадаро (хоҳ кофир бошанд, хоҳ муъмин) ҳушдор додааст, ки қиёмат (рӯзи ҳисоби амалҳо ва подош) наздик аст, вале онҳо дар дарёи орзу ва ҳавасҳо ғӯтаваранд ва аз он рӯзи пурҳаросу даҳшатангез ғофиланду саргарми бархӯрдориҳои зиндагӣ, гирифториҳои дунё буда, барои охирати худ амали фоидаоваре анҷом намедиҳанд.
Барои таъкиди ин сухан, ки рӯзи қиёмат наздик аст, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Анас (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ман ва қиёмат монанди ин ду ангушт (ба ҳам наздик) ҳастем» ва ангушти шаҳодат (ишора)-у миёнаро ба ҳам наздик намуда ба наздикии қиёмат ишора намуданд.

ТАФСИРИ ОСОНБАЁН
47 viewsمحمد, 16:54
Open / Comment
2021-06-03 17:35:14
بعد از دفن میت چه حالت هایی در جسد رخ میدهد؟

#اندکی_تفکر

@imaandaran
✥•━━•✦ ✦•━━•✥
37 viewsمحمد, 14:35
Open / Comment
2021-05-09 00:14:10 Ё Раб!
Имшаб борони раҳмату мағфирататро чи гуна метавон андоза гирифт?
Имшаб шаби дуо ва иҷобат аст...
Худовандо, дуое дорам болотар аз ҳама ниёзҳо
Худат кӯмакамон кун, ки дар ин шаби Қадр, фақат бедор намонем, балки бедор шавем.
Илоҳо, ёриамон кун то аҳдеро, ки имшаб бо Ту мебандем, то шаби қадри соли дигар (агар зинда бошем) нашиканем.
74 viewsمحمد, 21:14
Open / Comment
2021-04-26 03:15:13
Одоби рӯза

Ҳифз намудани забон аз суханони беҳуда барои шахси рӯзадор воҷиб аст. Ӯ бояд аз дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ ва дашном додан ба шиддат парҳез кунад ва забони худро ба зикри Худо ва тиловати Қуръон машғул намояд.

Паёмбар (с) мефармоянд: "Касе, ки аз сухани зишту носазо ва амал кардан ба онро раҳо накунад, Худовандро ниёзе ба нахӯрдан ва нанушидани вай нест".

t.me/azharzoveya
194 viewsمحمد, 00:15
Open / Comment