🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

​​Ба истиқболи зодрӯзи Алишер Навоӣ ДОСТОНИ ИШҚИ ПОК Достони | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

​​Ба истиқболи зодрӯзи Алишер Навоӣ

ДОСТОНИ ИШҚИ ПОК

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Алишер Навоӣ яке аз достонҳои безавол ва ҷаззоби «Хамса» буда, асрҳо инҷониб дар дили аҳли адаб ҷой гирифтааст. Арафаи ҷашни 550-солагии зодрӯзи Алишер Навоӣ шоир ва тарҷумони бомаҳорат Ҷонибек Қувноқ (равонаш шод бод!) ҳамчун тӯҳфа ба ҷашн ин достони ишқи покро барои хонандагони тоҷик тарҷума намуда буд. Афсӯс, умр вафо накарду устод Ҷонибек Қувноқ дар шакли китоб нашр шудани китобро надида нобаҳангом аз дунё гузашт. Пас аз марги ӯ чопи ин асар ба таъхир афтод. Пас аз чанд сол як гурӯҳ адабпарварони Самарқанд муваффақ гаштанд, ки шакли мухтасари ин достонро нашр омода намоянд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» соли 1999 дар нашриёти «Суғдиёна»-и Самарқанд чоп шуд. Дар ин кор саҳми муҳаррири нашриёт шоир Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ, академик Ботурхон Валихоҷаев, мусаввири маъруф Даврон Сафозода, шоир ва олим Ҳазрат Сабоҳӣ, маърифатпарварон Муқимҷон Орифӣ ва Латиф Раҳимӣ бузург аст. Аз миён солҳо сипарӣ шуд. Ба туфайли Истиқлолият асарҳои классиконамон ба пуррагӣ чоп шуданд. Инчунин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Алишер Навоӣ ҳам дар нусхаи асл дар шакли пурра нашр гардид. Табиист, ки устод Ҷонибек Қувноқ ҳам достонро дар шакли ихтисоргардида тарҷума намуда буданд. Вақте ки мо нусхаи аслро бо тарҷума паҳлӯ ба паҳлӯ гузоштем, маълум шуд, ки боби VII «Дар мадҳи он шоҳе, ки шоҳони Ҳинд ва Чин дар арсаи базмаш чун шоҳони шатранҷ аз ҳаракат муарро ва фалаки фарзинрав ҳамчу пили ҳомул бар остонаш рух совида аз саркашӣ мубарроянд ва бо хинги сипеҳри тездави Кабудҷома ва бо аспи ношахи қамари Баҳром дар наздаш пиёдаанд» ва боби VIII «Бар тахти хилофат зебу ҳам зайн ва ба шахси салтанат Алишер Навоӣ – «ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН» қурратул-ъайн, яъне ба ҳазрати Султон Бадеуззамон Баҳодур ибн Абулғозӣ Султон Ҳусайн Баҳодурхон «халладаллоҳу таоло мулкаҳумо ва султонаҳумо ва авзаҳа алал-оламина бирраҳимо ва эҳсонаҳумо» арзи ниёз» мувофиқи сиёсати ҳамон замон тарҷума нагардидааст. Он бобҳо ва боз қариб 100 байти дигар, ки аз ҷойҳои гуногуни достон сарфи назар шуда буд, низ тарҷума намуда, ба ҷойҳои мувофиқ гузоштем. Дар ин кори хайр шоири зуллисонайн Алишер Сабрӣ ёрмандии худро аз мо дареғ надошт. Инак, достон дар ду шакл, яке бо ду забон ӯзбекӣ ва тоҷикӣ паҳлӯи ҳам ва китоби дуюм танҳо дар забони тоҷикӣ ба чоп омода гардид. Бар асоси Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 19-уми октябри соли 2020 «Дар бораи таҷлили ҷашни 580- солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ» Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ҷиззах ба раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов барои нашри достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бо забони тоҷикӣ ҳамчун тӯёна ба муносибати ҷашни 80-солагии фарзанди фидоии ин диёр шоир ва тарҷумони забардаст шодравон Ҷонибек Қувноқ маблағи бебозгашт (грант) ҷудо намуд. Китобе, ки дар даст доред, аз ҳисоби ҳамин маблағ чоп шуд. Дар ҳамин ҷо бамаврид аст таъкид намоем, Абдукарим Шарифов соли 2019 мунтахаби ашъори Ҷонибек Қувноқро бо номи «Ширу шакар» чоп намуда, тақдимоти онро ботантана гузаронида буд. Худо хоҳад дар оянда тарҷумаҳои устод Қонибек Қувноқ пай дар пай чоп мешавад. Боварии комил дорем, ки ин достони ишқи пок, ки хеле равон ва дилнишин тарҷума шудааст, мақбули адабиётдӯстони тоҷик мегардад.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири нашриёти «Турон нашр», роҳбари шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g