🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

#Тӯҳфаи_нашриёт «ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН»-и НАВОӢ БО ДУ ЗАБОН Дар ду | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

#Тӯҳфаи_нашриёт

«ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН»-и НАВОӢ БО ДУ ЗАБОН

Дар ду забон рӯйи чоп омадани достони “Лайлӣ ва Маҷнун” дар тарҷимаи шоири зуллисонайн, шодравон Ҷонибек Қувноқ, ки дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ду халқ хизматҳои шоиста кардааст, воқеаи муҳими ҳаёти адабӣ аст гӯем, хато нахоҳем кард. Ҷонибек Қувноқ тарҷимаи достонро аз ин 30 сол муқаддам – ба муносибати 550-солагии зодрӯзи Ҳазрат Навоӣ ба охир расонида буд. Аммо он солҳо ин тарҷима аз сабаби мушкилоти моддӣ дар шакли китоб чоп нагардид. Бо саъю талоши узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва тарҷимони боистеъдод Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) достони “Лайлӣ ва Маҷнун” бо ду забон ӯзбекӣ ва тоҷикӣ имрӯз ба Шумо, китобхонҳои азиз тақдим мегардад. Умед дорем, ки чопи ин китоб рӯҳи Ҳазрат Навоиро, ки барои ҳар ду халқ азиз аст, шод намуда, дар ояндаи наздик барои пурра ба забони тоҷикӣ тарҷима шудани «Хамса» таъсири мусбат мерасонад.

Асалой Сархатзода

@TJMETODIST
Ба каналҳо ҳамроҳ шавед:
| Омўзгори тоҷик | Yosh avlod – LIVE | Дунёи китоб