🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

СЕМИНАРИ МУФИД 22-уми феврали соли ҷорӣ дар мактаби рақами 2 | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

СЕМИНАРИ МУФИД

22-уми феврали соли ҷорӣ дар мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯх таҳти роҳбарии методисти Шӯбаи таълими халқ Воҳидҷон АҚРАБОВ дар мавзӯи “Дастури миллии таълим ва ба амал татбиқ кардани он” семинар-тренинг ташкил карда шуд. Дар семинар аз мактабҳои ноҳия қариб 40 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иштирок карданд. Доир ба мавзӯи мазкур маърӯзаи омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 2-юм Санҷар ИСМОИЛЗОДА шунида шуд. Аз тарафи С.ИСМОИЛЗОДА дар бораи камбудиҳои дастури ҷорӣ ва ҷиҳатҳои самараноки дастури нав ба тарзи муқоисавӣ маълумот дода шуд. Илова бар ин, аз ҷониби методисти ШТХ В.АҚРАБОВ низ баҳри ба амал татбиқ намудани дастури миллӣ ба омӯзгорон тавсияҳо дода шуд.

Ба мо ҳамроҳ шавед:
@tjmetodist
@soxtjkomuzgor
@sanjar1993