🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

#Туҳфаи_нашриёт ​“ШУЪЛАИ ҶОВИДОН” Дар бораи ҳаёт ва фаъолият | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

#Туҳфаи_нашриёт

​“ШУЪЛАИ ҶОВИДОН”

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз симоҳои бузурги адабиёти Шарқ, поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бисёр олимону адибони машҳуру забардаст рисола ва асарҳои зиёде иншо намудаанд. Қурбоной Убайдулоева чанд муддат – ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта барои мошиннавис кардани асарҳои устод ба даргоҳи устод равуо карда, таассуроти худро аз ҳаёти пурибрати ин марди хирадманд бо меҳр рӯйи коғаз овардааст:

“... Адиби бузург – Садриддин Айнӣ созгори номи муборакаш дар қалби шогирдон ба сифати устоди кушодабағале ҷовидон нақш хоҳад баст. Ба ҷавонон раҳнамоӣ кардан, ононро бо назардошти истеъдоду қобилияташон ба ин ё он кор сафарбар сохтан, барои соҳиби илм шудани онҳо кӯмаки беғаразона расонидан, эшонро дар кулли соҳаҳо дастгирӣ карда, ба сӯйи мақсад ва ниятҳои нек ҳидоят намудан аз виҷагиҳои хоси табиати устод буданд. Агар шогирдон роҳи худро ёфта, дар кору вазифае, ки интихоб кардаанд, ба комёбие муваффақ гарданд, устод гӯё орзуҳои худаш рӯйи об баромада бошанд, хурсанд мешуд...”

Ёддоштҳои Қурбоной Убайдуллоеваро устод Паймон ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, онро дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ва “Гулобод тонги” – “Субҳи Гулобод” нашр карда буд . Дар арафаи ҷашни 144 - умин солгарди устод Садриддин Айнӣ хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” тасмим гирифта, ки ин меҳрномаро дар шакли китоби алоҳида бо номи “Шуълаи ҷовидон” чоп кард. Фикр мекунем он туҳфаи арзандаест барои адабиётдӯстону ҷавонони эҷодкор.

Асалой Сархатзода

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ