Get Mystery Box with random crypto!

МАРҲАБО БА ҶАШНИ 144-СОЛАГИИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ Дӯстони ази | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

МАРҲАБО БА ҶАШНИ 144-СОЛАГИИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Дӯстони азиз!
Шуморо пагоҳ, рӯзи 15-уми апрели соли 2022, соати 12:00 ба тадбири адабӣ бахшида ба 144-солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик, адиби зуллисонайн, арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ, ки дар Хона-музейи ба номи устод баргузор мегардад, даъват менамоем.

Дар ҷашни адабӣ иштироки намояндагони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, шоир ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, хонандагон ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ дар назар аст.

Ҳузури Шумо боиси сарфарозии мо хоҳад шуд!

Шумо метавонед рафти тадбирро тавассути саҳифаҳои рӯзномаи "Овози Самарқанд" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим тамошо кунед.

Телефон барои муроҷиат:
(66) 233-91-71.


@ovozisamarqand