🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ТУҲФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН АЗ НАСИҲАТНОМАИ ИМОМИ АЪЗАМ Дар | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

ТУҲФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

АЗ НАСИҲАТНОМАИ
ИМОМИ АЪЗАМ


Дар байни мардуми авом ба ҷуз он чи, ки пурсида мешавӣ, сухане нагӯ!
* * *
Аз ҳад зиёд ба бозор нарав.
* * *
Дар бозорҳо ва масҷид чизе нахӯр.
* * *
То аз худ бовар надошта бошӣ, ки аз ӯҳдаи тамоми эҳтиёҷот ва мушкилоти зиндагӣ баромада метавонӣ, яъне пеш аз таъмини ниёзҳои зиндагӣ зан нагир.
* * *
Аввал дар айёми ҷавонӣ, ки хотири ҷамъ ва қалби фориғ дорӣ ва ҳанӯз зеҳн ва хотират ба аҳлу аёли бисёр машғул ва мувашшаш нагаштааст, илм биомӯз.
Агар дар давраи таҳсили илм ба фикри зангирӣ биафтӣ, ниёзҳои зиндагӣ ва аҳлу аёл туро ба кору фаъолияти меҳнатӣ маҷбур месозанд, дар натиҷа маҷбур мешавӣ, ки касби илмро тарк намоӣ.
* * *
Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ, аз илм рӯй нагардон!
* * *
Дар гуфтани сухани ҳақ аз касе андеша ва бим надошта бош, ҳарчанд дар пеши подшоҳи замон ҳам бошад.
* * *
Бо виқору оромӣ ва матонат роҳ бирав ва дар корҳо шитобзада набош.
* * *
Агар касе аз пушт садо кунад, ӯро ҷавоб надеҳ, зеро аз пушти сар танҳо ҳайвонотро садо мекунанд.
* * *
Дар корҳои нодуруст ва каҷравиҳо аз мардум пайравӣ накун, балки дар корҳои дуруст ва савоб аз онҳо пайравӣ намо.
* * *
Агар шахсеро бо бадӣ шинохтӣ, онро дар байни мардум зикр накун, балки дар вай хубиеро биҷӯ ва ӯро бо он ёд кун.
* * *
Маргро ҳамеша ба ёд овар ва барои устодон ва он шахсиятҳое, ки аз эшон илм ва дин омӯхтаӣ, дуъои хайр кун ва аз Худо омурзиш бихоҳ!
* * *
Ҳамеша Қуръонро тиловат бикун.
* * *
Гӯристонро ва ҷойҳои муқаддасро бештар зиёрат кун ва ҳамеша ба дидори уламо ва бузургон бирав.
* * *
Аз бухлу ҳасад дурӣ гузин, ки он одамро расво месозад.
* * *
Ҳиммати баланд дошта бош, зеро ҳиммати касе паст гардад, қадру манзалаташ кам мегардад.
* * *
Дар роҳ ба чапу рост нигоҳ накун, балки ҳамвора ба пеши поят нигоҳ бикун.

@tjmetodist