🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ТАҚДИМОТИ КИТОБИ “НОНИ ҲАЛОЛ” – И МАЛИКА ДАР МАКТАБ Дирӯз да | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

ТАҚДИМОТИ КИТОБИ “НОНИ ҲАЛОЛ” – И МАЛИКА ДАР МАКТАБ

Дирӯз дар мактаби таълими умумии рақами 47-и ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби “Нони ҳалол” – и нависандаи умедбахш Маликаи Ҷумъазода баргузор гардид. Дар он як гурӯҳ омӯзгорон ва хонандагони мактаб ва меҳмонон иштирок карданд.
Хонандагони синфи 9”А” дар саҳнаи орододашудаи мактаб барномаро аз рӯйи иҷрои намунаҳои эҷод аз адибони адабиёти классикии тоҷик мисли Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Нодира ва Зебуннисо, маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Малика Ҷумъазода, иҷрои саҳначаҳо аз ҳикояҳои муаллифи китоб пешкаши ҳозирон намуданд.
Аз шеърхонию қироати ҳикояҳо маълум шуд, ки писараку духтаракони синф ба адабиёт шавқу ҳаваси баланд доранд. Муаллимаи фанни забон ва адабиёти синф Дилафрӯз Қудратова ва дигарон ба ин ҳиссаи калон ҳамроҳ кардаанд.
Хонандаҳо саҳначаро аз рӯйи ҳикояи “Обрӯи мурда ва мурдадорӣ” – и китоб бо маҳорат намоиш карданд. Ҷонона Раҳматова, Азиза Шамсиқулова, Таҳмина Ӯразова, Абдуллоҳ Ғуломов, Нозир Эргашев, Суннат Аҳмадов ва дигар хонандагони синф бо иҷрои шеъру баёни ҳикоя, лавҳа ва иҷрои саҳна кайфияти ҳозиронро болида карданд. Инчунин, писаракони синфи 6 “А” – и мактаб бо иҷрои рақси “Попурӣ” ба тадбир шукӯҳ бахшиданд.
Сипас, хонандаҳо ба Маликаи Ҷумъазода, ки дар мактабашон таълиму тарбия гирифтааст, тӯҳфаҳо дода, барои хотира ба акс фаромаданд.
Шоир Шукруллохон Вализода, собиқадори таълими халқ ва матбуот Толиб Юнусзода, ҷонишинони директори мактаб Умеда Исмоилова ва Мастура Султонова, волидайни Малика адиб Бахтиёри Ҷумъа ва Майсара Шарофова (собиқ муаллимаи ҳамин мактаб) ва дигарон ба сухан баромада, ба таҳиягарони барнома миннатдорӣ баён карданду ба эҷодиёти нависандаи ҷавон бурдбориҳо талабиданд.
Дар поёни тадбир Малика Ҷумъазода, ки ҳоло дар кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии Самарқанд фаъолият дорад, ба аҳли мактаб барои ҳурмату эҳтиромашон нисбати ӯ ташаккур хонда, ба хонандагон якчанд адад китобҳояшро бо соядаст тақдим намуд. Хонандагон аз тадбир як олам таассуроти хуб гирифтанд.

Ҷамшеди АСРОР

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g