🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

#Туҳфаи_нашриёт РАҲНАМОИ ТАЪЛИМ Маҷмӯаи “Раҳнамои таълим”, к | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

#Туҳфаи_нашриёт

РАҲНАМОИ ТАЪЛИМ

Маҷмӯаи “Раҳнамои таълим”, ки дар даст доред натиҷаи таҷрибаҳои чандсолаи Ҳотамалӣ Раҳматов мебошад, ки доир ба омӯхтани дарсҳои забону адабиёти тоҷик дар муассисоти таълимӣ мебошад. Аксар маводи он дар доираи дарсҳои алоҳида санҷида шудааст. Аз сабаби он ки мавзӯъҳои дар он овардашуда имрӯзҳо ҷиҳати эҳтиёҷи хонандагони сершумор гардидааст, қарор додем, ки дар шакли воситаи таълим пешкаши муштоқони соҳаи илму адаб гардонем. Муаллиф сари ҳар як мавзӯъ хеле дақиқназарона истода, барои ба хонанда ва омӯзгор расондани маълумоти мавриди зарурӣ заҳмати зиёд бурдааст. – “Раҳнамои таълим” ном гузоштани дастури таълимӣ низ бесабаб нест. Зеро ҳар як маводи пешниҳодшуда дар хусуси усул ва методи омӯзиши ягон мавзӯи дарсӣ ё роҳҳои навистани мақолоту рисолаҳои илмӣ маълумот медиҳад, – мегӯяд дар сарсухан Ҳикмат Султонзода, устоди Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ. Маҷмӯаи омӯзишию таълимӣ аз ҳар ҷониб хонданбоб буда, барои шахси худогоҳу донишёр дастури арзишмандест.

@TJMETODIST