Get Mystery Box with random crypto!

Худо ба мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ва кофирон оташи дӯз | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Худо ба мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ва кофирон оташи дӯзахро ваъда додаст дар ҳоле, ки онҳо дар он ҷо ҳамеша бошандаанд. Дӯзах барояшон бас аст; ва Худо онҳоро лаънат кардааст ва барои онҳо азоби доим аст. (Сураи Тавба, ояти 68)

Мунофиқ кист?
Он ки зоҳираш дигару ботинаш дигар аст, мунофиқ аст. Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтарини дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya