Get Mystery Box with random crypto!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages

2023-02-24 20:29:23 Қисса

Ҷвоне канори дарёча нишаста буд ва ғамгину афсурда ба сатҳи об нигоҳ мекард. Пири дунёдидае аз он ҷо мегузашт. Чун пир ҷавонро афсурдаву ғамгин дид, канораш нишаст.
Ҷавон вақте пирро канораш дид, беихтиёр гуфт: Аҷаб ошуфтаам ва ҳама зиндагиам ба ҳам рехта аст. Ба шиддат ниёзманди оромиш ҳастам ва намедонам, ки ин оромишро аз куҷо пайдо кунам.
Ҳамон гуна, ки пири дунёдида канори ҷавон нишаста буд, баргеро, ки аз шохаи дарахт ба замин афтода буд, ба дарё партофт ва гуфт: Ба ин барг нигоҳ кун. Вақте он дохили об меафтад, худро ба ҷараёни об месупорад ва бо он меравад.
Сипас пир сангеро аз канори дарёча бардошт ва дохили он партофт. Санг аз сабаби вазнин буданаш, ба қаъри об фурӯ рафт ва он ҷо канори дигар сангҳо қарор гирифт.
Ва баъд пири доно гуфт: Ин сангро низ дидӣ? Ӯ ба хотири сангин буданаш, тавонист, ки ба неруи ҷараёни об ғалаба кунад ва дар умқи об қарор гирад. Ҳоло ту ба ман бигӯ, ки оромиши сангро мехоҳӣ ё оромиши баргро?
Ҷавон моту мутаҳаййир ба чеҳраи пири доно нигоҳ карду гуфт: Аммо барг ором нест. Ӯ бо ҳар уфтухези оби дарё боло ва поён меравад ва алъон низ маълум нест, ки куҷост. Аммо санг лоақал медонад, ки куҷо қарор дорад ва бо вуҷуди он, ки онро об иҳота кардааст, мақкам истодааст ва такон намехӯрад. Ман оромиши сангро мехоҳам.
Пири доно лабхаде заду пурсд: Пас барои чи аз ҷараёни мухолиф ва пурхурӯши зиндагиат менолӣ? Аагр оромиши сангро интихоб кардаӣ, пас тоби пастиву баландии амвоҷи зиндагиро низ дошта бош ва ҳар куҷо ки ҳастӣ, маҳкам қарор бигир ва худро аз даст мадеҳ.
Пир чунин гуфт ва аз ҷо бархост, то ба роҳи худ идома диҳад. Ҷавон, ки аз суханони пир ором шуда буд, аз ҷой бархост ва ҳамроҳи ӯ ором - ором қадам задан гирифт. Чанд дақиқа, ки гузашт, ҷавон ҳангоми худоҳофизӣ аз пири доно пурсид: Шумо агар ҷои ман мебудед, оромиши сангро интихоб мекардед ё оромиши баргро?
Пир гуфт: Ман дар тамоми зиндагиам, бо итминон ба холиқи дарёчаи ҳастӣ, худамро ба ҷараёни зиндагӣ супурдаам ва чун медонам, ки дар оғӯши дарёчае ҳастам, ки ҳамма зарраҳои он нишона аз ҳузури Ёр дорад, аз уфту хезҳояш ҳаргиз дилошӯб намешавам. Ман оромиши баргро меписандам.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
294 viewsАбдурашид Қаюмзод, 17:29
Open / Comment
2023-02-24 17:24:28
628 viewsАбдурашид Қаюмзод, 14:24
Open / Comment
2023-02-24 09:41:18
Ва он рӯз, ки кӯҳҳоро равон кунем ва заминро бибинӣ – зоҳиршуда; ва мардумонро ҷамъ созем; пас, аз онҳо ҳеҷ касро нагузорем. Ва онҳо саф кашида пеши Парвардигори ту рӯ ба рӯ оварда шаванд; (гӯем:) «Ба дурустӣ, ҳамчунон ки шуморо бори аввал офарида будем, пеши Мо омадед; балки мепиндоштед, ки барои шумо ваъдагоҳе нахоҳем сохт». Ва номаи аъмол дар миён ниҳода шавад; пас, гуноҳкоронро бибинӣ, ки аз он чи дар он аст, тарсонанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо, ин номаро чӣ ҳол аст, ҳеҷ маъсияти хурду бузургро намегузорад, магар ин, ки онро фаро гирифтааст». Ва ҳар чи карда буданд, ҳозир биёбанд. Ва Парвардигори ту бар ҳеҷ кас ситам накунад.

Сураи Каҳф ояҳои 47 - 49
827 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:41
Open / Comment
2023-02-24 09:35:35 Суннатҳои рузи сайиди Ҷумъа:

Ғусл кардан
Мисвок задан
Кутоҳ кардани нохунҳо
Пушидани либоси тоза
Атр задан
Тиловати сураи Каҳф
Салавот фиристодан

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
495 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:35
Open / Comment
2023-02-23 08:15:06 ФАЛСАФАИ ҶУРОБ ТӮҲФА КАРДАН :

Ҷ- ҷавонмардӣ
У- устуворӣ
Р- раҳм
О- одамгарӣ
Б- бузургӣ ва азамат

С праздником! )
535 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  05:15
Open / Comment
2023-02-23 08:00:56
Кофеин масраф кунед, то беҳтар бихонед.

Хондан ё мутолиа, як маҳорати хоси инсон аст. Минтақаҳои гуногуне дар нимкурраи чапи мағзи сар дар маҳорати хондан дахолат доранд. Ин минтақаҳо ба шунидан иртиботе надоранд, аммо ба хондани калимаҳо ва дарки мафҳуми он, мусоидат мекунанд. Ба назар мерасад, ки кофеин дар қудрати фаҳми ҷумлаҳо таъсир дорад.
Пажуҳишгарони итилиёӣ мушаххас карданд, ки хӯрдани як қурс, ки дар таркиби худ 200 миллиграмм кофеин дошта бошад, ба раванди фаҳми ҷумлаҳо, ки бахше аз маҳорати мутолиа аст, таъсири мусбат мерасонад. Онҳо мӯътақиданд, ки бо каме кофеин, метавон қудрати дарк ва суръати хондан дар калонсолонро афзоиш дод.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
418 viewsАбдурашид Қаюмзод, 05:00
Open / Comment
2023-02-23 06:10:29 Дар аввал ҳама кор қин аст. Пуфакро низ бо душворӣ дам мекунанд, аммо вақте он баъд аз дам шудан дар ҳаво парвоз мекунанд, касе пеши роҳашро гирифта наметавонад.

Субҳ ба хайр!
454 viewsАбдурашид Қаюмзод, 03:10
Open / Comment
2023-02-22 19:03:16 Дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд

Ҳеҷ коре нест, ки ба андозаи зикри Худо ба дилҳо оромиш бахшад ва подоши бузургтаре аз подоши зикр дошта бошад.

Маро ёд кунед, шуморо ёд мекунам (Бақара 152)

Зикр ва ёди илоҳӣ, биҳишти Худованд дар рӯи замин аст ва ҳар касе вориди ин биҳишт нашавад вориди биҳишти охират намешавад. Зикри Худо, яъне наҷот додани ҷисму рӯҳ аз хастагиҳо ва ошуфтагиҳо ва балки роҳи кӯтоҳ ва осон ба сӯи ҳар навъ муваффақият ва комёбҳо аст.

Омӯзаҳои ваҳйро мутолиа кун, то фоидаҳои зикрро бубинӣ ва аз доруи он истифода кун, то беҳбудӣ ва шифо ҳосил кунӣ. Бо зикри Худо, абрҳои ҳаросу парешони ва ғаму андӯҳ дур мешаванд. Бо ёди Ӯ, кӯҳҳои нороҳатӣ ва ранҷу афсус аз ҷо канда мегарданд.

Тааҷҷубе нест, ки зокирон, эҳсоси оромиш менамоянд, зеро ин ақида ва асли куллӣ аст. Аммо шигифт дар ин аст, ки онҳое, ки аз зикр кардан ғофиланд, чи гуна зиндагӣ мекунанд?

Мурдагоне ҳастанд, ки намедонанд чи замоне барангехта мешаванд (Наҳл 21)

Эй касе, ки аз дарду ранҷ шикоят мекунӣ ва аз ҳаводису рӯйдодҳо оҳу нола сар медиҳӣ, биё ва исми Ӯро садо бизан.

Оё шабеҳ ва ҳаммонанде барои Худо суроғ дорӣ? (Мариям 65)

Ҳарчи бештар Худоро ёд кунӣ, бештар осудахотир мешавӣ, дилат ором мегирад ва эҳсоси хушбахтӣ мекунӣ. Дар зикри Худо, мафҳумҳое ҳамчун таваккал ба Худо, эътимод ба Ӯ, руҷӯъ ва бозгашт ба сӯи Ӯ, ба Ӯ гумони нек доштан, ва интизори гиреҳкушоӣ аз ҷониби Ӯ нуҳуфтаанд. Худованд, наздик аст ҳар гоҳ хонда шавад ва шунаво аст ва садои касеро, ки Ӯро ба фарёд мехонад, мешунавад ва чун аз Ӯ талаб шуд, иҷобат мекунад.
Пас фурӯтанӣ ва зориву тазаррӯъ кун, баёни ягонагии Худо, ситоиши Ӯ, дуо хостан аз Ӯ, ва истиғфору талаби омурзиш аз Ӯро вирди забони хеш гардон, онгоҳ ба ёрӣ ва хости Ӯ, саодат, сурур, нур ва шодиро хоҳӣ ёфт.

Худованд подоши дунё ва беҳтарин подоши охиратро ба онон дод. (Оли Имрон 148)

Ғам махӯр
1.5K viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:03
Open / Comment
2023-02-22 06:47:10
587 viewsАбдурашид Қаюмзод, 03:47
Open / Comment
2023-02-22 04:57:06 Имрӯз 1-уми Шаъбон. То моҳи Рамазон як моҳ монд. Худованд ҳамаамонро ба моҳи шариф расонад.

Субҳ ба хайр!
614 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  01:57
Open / Comment