Get Mystery Box with random crypto!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 6

2023-02-06 16:46:07
Худо ба мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ва кофирон оташи дӯзахро ваъда додаст дар ҳоле, ки онҳо дар он ҷо ҳамеша бошандаанд. Дӯзах барояшон бас аст; ва Худо онҳоро лаънат кардааст ва барои онҳо азоби доим аст. (Сураи Тавба, ояти 68)

Мунофиқ кист?
Он ки зоҳираш дигару ботинаш дигар аст, мунофиқ аст. Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтарини дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
593 viewsАбдурашид Қаюмзод, 13:46
Open / Comment
2023-02-05 17:34:42 Нақл аст, ки сорбоне дар охири умри худ шутурашро садо мезанад ва ба сабаби озору азияте, ки ба шутур карда буд, аз ӯ бахшиш металабад. Сорбон якояк ҳамаи озору азиятҳои додаашро ном мебарад. Азҷумла: Задани шутур бо тозиёна, обу ғизо надодан, бори зиёдӣ ва... ҳамаро мешуморад ва мегуяд, ки бо вуҷуди ин ҳама маро ҳалол мекунӣ?
Шутур дар ҷавоб мегуяд: Ҳамаи он озорҳоеро, ки гуфтӣ, мебахшам, аммо як бор бо ман коре кардӣ, ки наметавонам аз он гузарам ва туро бахшам.
Сорбон мепурсад: Он чи коре буд?
Шутур дар ҷавоб мегуяд: Ёд дорӣ, боре ҳангоми сафар афсор (нӯхта) -и маро ба думи як хар бастӣ? Агар он ҳама озору азиятҳои номбар кардаатро бахшам, аммо ҳаргиз ин таҳқири туро нахоҳам бахшид.
----------
Зарбулмасали мръруфи "Афсори уштур бар думи хар бастан" ишора ба супурдани корҳо ва вазифаҳо ба афроди нолоиқ аст, ки бидуни доштани дониш, тахассус, таҷриба ва шоистагӣ ба он соҳиб мешаванд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
667 viewsАбдурашид Қаюмзод, 14:34
Open / Comment
2023-02-05 17:05:27
Шахсе назди Имом Ҳарбӣ омад ва гуфт: Эй имом, биё ҳамроҳи ман ба назди амир равем, то бароям шафоат ва додхоҳӣ намоӣ, ки бисёр ниёзмандам ва ба мушкили сахте гирифтор.
Имом Ҳарбӣ фармуд: Биё ту ҳамроҳи ман баланд шав, то ду ракъат намоз бихонем ва аз Худованд кӯмак бихоҳем. Зеро ман ҳеҷ гоҳ дарвозаеро, ки боз аст, тарк накардаам ва ба дарвозаи баста рӯй наовардаам.

طبقات الحنابله
998 viewsАбдурашид Қаюмзод, 14:05
Open / Comment
2023-02-05 05:21:16 Фузайл ибни Иёз мегӯяд:
Магар намедонед, ки ниёзи мардум бар шумо, неъмате аз неъматҳои илоҳӣ бар шумост?

Субҳ ба хайр!
384 viewsАбдурашид Қаюмзод, 02:21
Open / Comment
2023-02-04 14:16:41
Ин сиккаро имрӯз аз наздикиҳои ГАИ (Душанбе) ёфтаму бо худ гирифтам, аммо ростӣ ҳоло каме пушаймон шудам. Чунки ёфтани соҳибаш душвор ва сикка низ ҳоло дар Фархор.
Ҳаҷми он: Як дайм = ба 10 сент. Яъне зиёдтар аз 1 сомонӣ. Аниқтараш ду се дона пиёз.
456 viewsАбдурашид Қаюмзод, 11:16
Open / Comment
2023-02-02 19:47:06
Дар маросими ҷанозае Ҳасани Басрӣ миёни ҳозирин гуфт: Худо раҳмат кунад касеро, ки барои чунин рӯзе омода мешавад. Шумо имрӯз тавони анҷоми кореро доред, ки ин бародарони шумо, ки аҳли қабрҳо ҳастанд, тавонашро надоранд. Пас саломатӣ ва фароғатро пеш аз рӯзи тарс ва ҳисоб ғанимат донед.

t.me/azharzoveya
482 viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:47
Open / Comment
2023-02-02 17:45:19 Карамъалӣ сӣ сол пеш издивоҷ карда, аз зиндагиаш хушҳолу аз ҳамсараш хеле хеле розӣ буд
Рузе аз рузҳо саге ҳамсарашро мегазад ва бар асари он зан мариз мешаваду баъди муддате мемирад
Карамъалӣ хеле ғамгину дилшикаста шуд ва дигар аз манзилаш берун набаромад
Баччаҳояш ба падари мӯйсафедашон пешниҳоди издивоҷи дубора карданд, аммо ӯ қабул намекард ва ба ишқи аввалаш пойбанд буд
Баъд аз муддате исрори зиёди фарзандон натиҷа дод ва мӯйсафед қабул кард ки издивоҷ мекунад.
Фарзандҳо гаштанд ва як ҷавонзани бисту панҷсолаи зебоеро барои падарашон пайдо карданд.
Ҷашни муфассале ҳам гирифтанд ва арусхонумро ба хонаи падар бурданд
Арусхонум аз ҳама лиҳоз ба Карамъалӣ мерасид ва талош мекард шавҳарашро розиву хушҳол кунад.
Чанд руз ки гузашт мӯйсафед хушҳолу сармаст аз издивоҷаш, баччаҳояшро садо карду фармуд: ба шукронаи ин издивоҷ панҷ гӯсфандро забҳ кунед, дутояшро ба фуқаро, яктояшро байни хоҳару бародарҳо тақсим карда яктои дигарашро барои ману ҳамсари ҷавонам биёред.
Баччаҳо гуфтанд: падарҷон гӯсфанди панҷумро чи кунем?
Карамъалӣ гуфт: гӯсфанди панҷумро ба саге ки модари марҳуматонро газида буд, бидиҳед.
Илоҳӣ дард бигирӣ Карамъалӣ!!!

Ирсол аз ҷониби дӯстамон عاشورزاده سبحان الدین
587 viewsАбдурашид Қаюмзод, 14:45
Open / Comment
2023-02-01 08:11:05
Хашми худро идора кунем...

Вагарна, ҳамчун шаҳри бидуни девор ҳастем, ки ҳар лаҳза дар интизори ҳамла аст. Хашм, нафрат, бадхоҳӣ, ҳасад ва кина, шодмонии моро мегирад ва боиси ноумедӣ ва бемории мо мешавад. Агар ҳақ бо мост, ба хашмгин шудан ниёзе нест ва агар ҳақ бо мо нест, ҳақ надорем, ки хашмгин шавем.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
201 viewsАбдурашид Қаюмзод, 05:11
Open / Comment
2023-01-31 10:46:37 Пушти ҳар як зани ғур - ғурӣ, мардее қарор дорад, ки ором нишаста, телевизор тамошо мекунад ва коре ба кори он зан надорад.)

t.me/azharzoveya
483 viewsАбдурашид Қаюмзод, 07:46
Open / Comment
2023-01-31 09:45:21
Марде дар яке аз деҳаҳои биёбонӣ зиндагӣ мекард. Ӯ чоҳе дошт пур аз оби зулол. Чоҳи ӯ ягона чоҳи нохушкида дар он минтақа буд. Мардуми деҳа аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аммо хиёли он мард роҳат буд.
Як рӯз ногаҳон санги кӯчаке аз дасти мард ба оби чоҳ афтод ва садои зебое аз он ба вуҷуд омад. Садо хеле форам буд, аммо метарсид, ки ба оби чоҳ мушкиле пеш ояд.
Чанд рӯз гузашт ва дилаш барои он садо танг шуд. Ин бор аз рӯи кунҷковӣ сангчаеро ба чоҳ партофт. Кам - кам бо он садо унс гирифт ва итминон пайдо кард, ки он сангрезаҳо ба чоҳ мушкиле эҷод нахоҳанд кард.
Муддате гузашт ва кори ҳаррӯзаи мард, бозӣ бо чоҳ буд. Кор ба ҷое расид, ки сангрезаҳои кӯчак рӯи ҳам ҷамъ шуданд ва чоҳ баста шуд. Дигар на садое аз чоҳ шунида мешуд ва на асаре аз об буд.
--------
Мутмаин бошем, ки такрори иштибоҳоти кӯчак ва исрор бар онҳо, ба шикасти бузурге хатм хоҳанд шуд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
726 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:45
Open / Comment