🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 9

2022-10-09 09:15:34
Агар ...

︎Агар дидӣ, ки саҳфаи телефонат тоза ва бидуни гарду ғубор аст, аммо Қуръоне, ки дар хона дорӣ, чангу ғубор гирифтааст...

︎Агар пай бурдӣ, ки соатҳо метавонӣ бо дӯстонат сӯҳбат намоӣ ва ҳамроҳи онҳо бошӣ, аммо барои ним соат қироати Қуръон тоқат наоварӣ ...

︎Агар ҳис кардӣ, ки соатҳо метавонӣ ба мусиқӣ гӯш диҳӣ, аммо даҳ дақиқа Қуръон гӯш кардан бароят сахт бошад ...

Пас бидон ва огоҳ бош, ки вақти он расидааст, то қалбу рӯҳатро бо тавба ва истиғфор ҷило бахшӣ. Зеро лаззатҳои зудгузари ин дунё туро фирефта кардааст ва иртибот бо мардум бароят бештар аз иртибот бо Холиқ аҳамият дорад.

Паёмбар (салому дуруди Худо бар ӯ) мефармоянд: "Қуръон ҳуҷҷате ба нафъи ту ё ҳуҷҷате алайҳи ту аст".
Яъне: Агар онро бихонӣ ва ба он амал намоӣ, ба нафъи ту шаҳодат хоҳад дод. Дар ғайри ин, ҳуҷҷате алайҳи ту хоҳад буд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
618 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:15
Open / Comment
2022-10-09 08:13:23
577 viewsАбдурашид Қаюмзод, 05:13
Open / Comment
2022-10-09 08:13:20
Зан ба шавҳараш занг мезанад:
— Ало, шаб рӯз ва рӯз нисфирӯзӣ шуд, куҷо гум ҳастӣ? Кош хабари маргатро шунавам.
— Ҳамон мвағозаи тиллофурӯшӣ дар ёдат ҳаст? Ҳамоне, ки як ҳафта пеш дар он гарданбанди тиллиоро хуш кардӣ ва ман гуфтам, ки баъдан бароят мехарам.
— Бале мардакҷон дар ёдам ҳаст, бале ҷонам.
— Чанд қадам поинтар аз он, маст хобам. ))

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
580 viewsАбдурашид Қаюмзод, 05:13
Open / Comment
2022-10-08 12:27:26
627 viewsАбдурашид Қаюмзод, 09:27
Open / Comment
2022-10-07 19:44:34
691 viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:44
Open / Comment
2022-10-07 14:33:53
719 viewsАбдурашид Қаюмзод, 11:33
Open / Comment
2022-10-07 09:00:23 Афлотун рӯзе шогирдонашро ба гардиш бурд. Кӯҳу дашт ва табиати сабзи баҳориро тамошо карданд ва аз Афлотун фалсафаи вуҷуд омӯхтанд.
Вақти истироҳат, машғули хӯрдани таъом шуданд. Пашшае музоҳими таъом хӯрдани Афлотун мешуд ва мудом мехост, ки ба таоми ӯ наздик шавад.
Афлотун каме аз таоми худ назди пашша гузошт. Паша шурӯъ ба хӯрдан кард.
Афлотун аз шогирдонаш хост, ки пашшаро бо диққат зери назар бигиранд.
Пашша бархост ва рӯи дасти яке аз шогирдон, ки захмӣ ва хунолуд буд, нишаст ва аз он макидан гирифт.
Баъдан Афлотун себи гандидае назди пашша гузошт. Пашша дарҳол ба нуқтаи сиёҳшудаи он нишаст ва шурӯъ ба хӯрдан намуд.
Дар ҳамон наздикӣ, дар танаи дарахт анкабуте тор танида буд. Пашша бархосту турро надид ва гирифтори анкабут шуд.
Сипас Афлотун ба шогирдонаш гуфт: Бингаред, анкабут сабуртарин ва қонеътарин ҳашара аст. Рӯзҳо мумкин аст, ки канори лонаи худ мунтазири луқмааш биншинад ва ҳангоме, ки шикоре ба даст овард, чандин рӯз ором - ором аз он истифода мекунад. Ҳарис ва шикампарвар нест. Аммо пашшаро дидед? Ҳам тамаъкору ҳарис аст ва ҳам танпарвар ва ҳеҷ сабру қароре дар ӯ дида намешавад. Дидед, ки вақте онро аз болои захми даст мерондед, дарҳол мепарид ва рӯи таом менишаст. Ҳамин гуна аз сабаби ҳирс ва беқаророӣ, гирифтори анкабут шуд.
----------------
Бисёре аз гирифториҳои инсон низ натиҷаи ҳирсу тамаъ ва зиёдахоҳиҳои ӯст. Масалан аксари касоне, ки бар асари қочоқи маводи мухаддир гирифтори қонун мешаванд, зиндагӣ ва ҳатто ҷонашонро мебозанд, дар кушишҳои аввал ба даст намеафтанд, балки баъд аз чандин мартаба қочоқ, дуруст замоне, ки ширинии пули ҳаром ба комашон маза кардааст, ба чанг меафтанд. Онҳо замоне ба чанг меафтанд, ки дигар қочоқро барои таъмини ниёзҳои заруриашон анҷом намедиҳанд, балки аз рӯи зиёдахоҳӣ ва тамаъ анҷом медиҳанд ва якбора дар доми "анкабут" гирифтор мешаванд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
726 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:00
Open / Comment
2022-10-06 15:28:20
764 viewsАбдурашид Қаюмзод, 12:28
Open / Comment
2022-10-06 13:18:18 Мар башарро панҷаву нохун мабод,
Ки на дин андешад он гаҳ, на садод.
Мавлоно

Ба таври кулли ончи таърихи ҷаҳон то имрӯз нишон дод, хуш нест. Нохушии аҳволи башар ҳамвора бар хушии аҳволи ӯ бартарӣ доштааст. Таърихи башар алорағми ҳама пешрафтҳояш дар заминаҳои мухталиф, таърихи ифтихоромезе нест. Ба таъбири Мавлоно башар ҳар гоҳе, ки панҷаву нохун пайдо кард, туғён намуд ва ба ҷанг, ғорат, зулм ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ даст зад.
Аз ин рӯ Мавлоно дуо мекунад, ки эй кош инсон ҳаргиз ба анвоъи мухталифи қудрат нарасад. Зеро натиҷаи он, ҷуз исёну зулм нахоҳад буд.
Қудрати молу мақом дар ҷои худ бад нест, балки ин инсон аст, ки дар ағлаби мавридҳо зарфият ва қудрати ғунҷоиши онро надорад. Хеле зуд худро мебозад ва такаббур чунон бар ӯ ғалаба мекунад, ки ба таъбири Мавлоно ҳатто ҳақиқат ва ростиро аз ғайри он ташхис карда наметавонад. Худоёни козиб метарошад ва ҳатто худро низ Худо меномад ва таваққӯъ дорад, ки дигарон ӯро парстиш кунанд ва дар баробараш сар хам намоянд.
Инсон агар ба самти тавозӯъ пеш наравад, оқибати сахте дар интизори ӯ хоҳад буд.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
725 viewsАбдурашид Қаюмзод, 10:18
Open / Comment
2022-10-05 19:43:05 Се навъ тафаккур, ки намегузоранд орзуҳоятро ҷазб намоӣ:

1. Аҷала дорӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ба он бирасад.
- Ба замонбандии Худованд эътимод надорӣ.

2. Ноумед мешавӣ ва фикр мекунӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба он немерасӣ.
- Ба бахшандагии Худованд боварӣ надорӣ.

3. Хостаҳоятро ғайримумкин ва дастнаёфтанӣ медонӣ.
- Аз бузургии Худо ғофил ҳастӣ.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
747 viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:43
Open / Comment