🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 2

2023-02-21 19:28:10 Мардро бояд 10% дӯст дошт ва 90% фаҳмид. Аммо занро бояд 100% дӯст дошт, чунки фаҳмиданаш имкон надорад. ))

t.me/azharzoveya
655 viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:28
Open / Comment
2023-02-21 18:21:59
Гуфтаҳо аз нависандаи фаронсавӣ - Виктор Ҳуго:

Аагр намехоҳӣ, ки туро биозмоянд, кори худро дуруст анҷом бидеҳ.

Ҳар зани покдонмане, зебо ва дилписанд аст.

Зиндагӣ гул аст ва ишқ, асали он.
Ҳар касе арзиши худро худ таъйин мекунад.

Як парандаи кӯчаке, ки зери баргҳо овоз мехонад, барои исботи Худо кофӣ аст.

Беҳтарин дӯстони ман касоне ҳастанд, ки пешонӣ ва абруҳои онҳо боз аст.

Пеш аз оне, ки хазон аз роҳ бирасад, аз ҳар баҳоре баҳраманд шав.

Чи қадар бошукӯҳ аст, ки дӯстат бидоранд ва чи қадар бошукӯҳтар аст, ки дӯст бидорӣ.

Хизмат ба ватан, ниме аз вазифа аст ва хизмат ва инсоният, ними дигаре аз он.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
870 viewsАбдурашид Қаюмзод, 15:21
Open / Comment
2023-02-21 12:12:34 Ҳар касе ба ҷойгоҳ ва мақомаш ифтихор мекунад, пас Фиръавнро ба ёд оварад.

Ҳар касе ба молу сарваташ ифтихор мекунад, пас Қорунро ба ёд оварад.

Ва ҳар касе ба аслу насабаш ифтихор мекунад, пас Абулаҳабро ба ёд оварад.

Иззат, ба тақвост!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
663 viewsАбдурашид Қаюмзод, 09:12
Open / Comment
2023-02-21 12:07:53
Панҷараи зебоӣ ва меҳрубонӣ...
637 viewsАбдурашид Қаюмзод, 09:07
Open / Comment
2023-02-21 10:43:39 Таълими дуоҳо ба кӯдакон:

https://t.me/+smvx_hB6Ljk3NGY8
622 viewsАбдурашид Қаюмзод, 07:43
Open / Comment
2023-02-21 06:00:39
1.0K viewsАбдурашид Қаюмзод, 03:00
Open / Comment
2023-02-20 18:22:30 Имон, яъне зиндагӣ

Бадбахтони воқеӣ касоне ҳастанд, ки аз ганҷинаҳои имон ва аз сармояи яқин бебаҳра мебошанд. Онҳо, ҳамвора дар нороҳатӣ ва хашму зиллат ба сар мебаранд.

Ҳар касе аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагии танге хоҳад дошт. (Тоҳо 124)

Танҳо имон ба Парвардигори ҷаҳониён аст, ки инсонро хушбахт менамояд ва вуҷудашро пок мегардонад ва ӯро шодмону масрур мекунад. Дар ҳақиқат зиндагӣ бидуни имон ҳеҷ мазае надорад. Танҳо роҳи мулҳидон (инкоркунандаҳои Худо) барои он, ки худро аз бадбахтиҳо ва торикиҳо наҷот диҳанд, ин аст, ки худкушӣ намоянд. Ба ростӣ, ки зиндагӣ бидуни имон, чи зиндагии фалокатборе аст. Онҳое, ки аз оини илоҳӣ ва роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд, ба нафрини ҳамешагӣ гирифторанд.

Ҳамон гуна, ки нахустин бор ба ваҳй имон наоварданд, дилҳо ва чашмонашонро дигаргун мекунем ва онҳоро саргашта дар гумроҳиашон раҳо менамоем. (Анъом 110)

Ақл пас аз таҷрибаи тӯлонии душвор дар қарнҳои гузашта ба ин натиҷа расидааст, ки бут, хурофот аст ва куфру илҳод (аз дин бар гаштан) дурӯғ ва беасосанд, паёмбарон содиқ ҳастанд, Худованд, барҳақ аст ва фармонравоиву ситоиш, Ӯро сазовор аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност. Баъд аз ин ҳама таҷриба вақти он раасидааст, ки ҷаҳон, қотеона бовар кунад, ки ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Худованд нест.

Саодат ва оромиши ҳар инсоне, мутобиқ ба қувват ва заъфи имони ӯст.

Ҳар мард ва зани мӯъмине, ки кори шоиста анҷом диҳад, зиндагии покизае ба Ӯмедиҳем ва подоши онро беҳтар аз он чи мекарданд, хоҳем дод. (Наҳл 97)

Зиндагии покиза ва оромиши хотири занон ва мардони мӯъминро Худован навид додааст. Оре! Ин зиндагии пок ба хотири он аст, ки дилҳояшон ба сабаби муҳаббати Парвардигорашон устувор аст ва замири онҳо аз олудагиҳо пок мебошад. Бадин тартиб, онҳо ҳангоми рух додани ҳодиса ва фоиҷиа, ором ҳастанду аз тақдир розӣ. Зеро онҳо ба ин, ки Аллоҳ парвардигорашон, Ислом, динашон ва Муҳаммад (с) паёмбарашон аст, розӣ ва хушнуданд.

Ғам махӯр
1.0K viewsАбдурашид Қаюмзод, 15:22
Open / Comment
2023-02-19 20:41:19
Дунё маҳалли гузар аст ва инсон, роҳгузар!

Яке аз аҳолии Туркия дар саҳфаи твитери худ навиштааст: Соҳибхона маро аз хона пеш кард. Чунки пешниҳодашро оиди баланд кардани нархи иҷора, қабул накардам. Чанд рӯз пас аз ин, зилзила рух дод. Ҳоло соҳибхонае, ки маро аз хона пеш кард, бо ман дар як хайма ва дар канори ҳам назди оташ нишастаем.
Дунё маҳалли гузар аст ва инсон, роҳгузар! Ба дигарон сахт нагирем.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
266 viewsАбдурашид Қаюмзод, 17:41
Open / Comment
2023-02-19 20:17:43
ҲИКМАТИ РӮЗ

Рӯзе аспи пирамарде фирор кард.
Мардум гуфтанд: Чи мусибате.
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Фардо аспи пирамард бо чанд аспи саҳроӣ бар гашт.
Мардум гуфтанд: Чи хушбахтие.
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Писари пирамард аз рӯи яке аз аспҳо афтод ва пояш шикаст.
Мардум гуфтанд: Чи мусибате.
Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?
Фардояш маъмурони давлат омаданд ва тамоми мардони ҷавони деҳаро ба ҷанг бурданд, ба ҷуз писари пирамард, ки пояш шикаста буд.
Мардум гуфтанд: Чи хушбахтие...
-----------
Зиндаги пур аз мусибат ва хушиҳои зоҳирист. Шояд бадтарин мусибатҳои имрузамон, муқадимаи хушиҳои фардоямон бошад.
Аз куҷо медонед?

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
317 viewsАбдурашид Қаюмзод, 17:17
Open / Comment
2023-02-19 11:23:11 Эй басо Фиръавну Қорун
омаду дар хок шуд,
Қасри Қайсар, Ҷоми ҷам ку?
тахти Искандар куҷост?


— Маҳдӣ Суҳайлӣ
801 viewsАбдурашид Қаюмзод, 08:23
Open / Comment