Get Mystery Box with random crypto!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 4

2023-02-15 12:41:50
Лозим аст, ки барои беҳбудии робитаи заношӯӣ, бо зан сӯҳбат кунед.

Вақте гумон мекунед, ки ҳамсаратон нороҳат аст, мунтазир намонед, то ӯ ҳарф заданро оғоз кунад. Вақте шумо боби гуфтугӯро оғоз мекунед, ниме аз бори нороҳатӣ ва мушкилоти ӯро кам мекунед. Ҳар гоҳ мехоҳед, ки сӯҳбатҳои ӯро қатъ кунед ва ё онҳоро ислоҳ кунед, фавран худро аз ин кор боз доред. Аагар ӯ намехоҳад, ки сӯҳбат кунад, бо матраҳи саволоти муносиб, ӯро ба ҳарф задан тарғиб намоед. Ва агар чизе бароятон рӯшан нашуд, дубора аз ӯ бипурсед. Ин кор ба зан нишон медиҳад, ки ба ӯ гӯш медиҳед ва дар фикри рафъи мушкилоташ ҳастед.

#Заношӯӣ
921 viewsАбдурашид Қаюмзод, 09:41
Open / Comment
2023-02-15 12:25:43
Чӣ гуна некӯкорон ба нафсҳои худ менигаристанд?

Ибни Қаййим мегӯяд: "Бадбинӣ ва нафрат доштан бар нафс, аз сифатҳои сиддиқин аст. Банда тавассути он дар як лаҳза ба Худо, чандин маротиба бештар аз оне, ки бо амал наздик мешавад, қариб мегардад".

Абубакр (р) мегуфт: "Агар мардум ҳолеро, ки ман дар он ҳастам, бидонанд, ҳароина, бар ман хок мепошанд".

Мардуме аз қафои Абуллоҳ ибни Масъуд рафтанд ва ӯ ба онҳо гуфт: "Бар гардед, ки ин хорӣ барои тобеъ (итоаткунанда) ва фитна барои матбуъ (пайравишуда) аст. Агар он чи, ки аз нафси худ медонам, шумо медонистед, бар сари ман хок мепошидед".

Марвизӣ шогирди Имом ибни Ҳанбал мегӯяд: Ибни Ҳанбал ахлоқи тақводоронро зикр карда гуфт: "Аз Худо талаб дорам, ки маро мавриди нафрати худ қарор надиҳад". Мо куҷоуву онҳо куҷо?!

Амири нафси худ бош
927 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  09:25
Open / Comment
2023-02-15 08:46:02
Ду сураи Қуръон бо калимаи "вайл" ویل шурӯъ мешавад. Вайл, яке аз шадидтарин таҳдидҳои Худованд аст.

﴿ويل للمطففين﴾
Вой бар камфурӯшон.

{وَيْلٌ لِّكُلِّ هُمَزَةٍ لُّمَزَةٍ}
Вой бар ҳар айбкунандаи ғайбатгӯянда!

Аввалӣ дар мавриди моли мардум ва дувуми дар мавриди обрӯйи мардум.
Пас муроқиби ҳарду бошем!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
33 viewsАбдурашид Қаюмзод, 05:46
Open / Comment
2023-02-14 18:14:21 Халои бекориро бо кор кардан пур намо.

Афроди бекор, ҳамеша ба шоеапардозӣ ва дурӯғбофӣ машғуланд, зеро хотир ва зеҳнашон мушавваш аст. Хатарноктарин ҳолат барои зеҳн, вақте аст, ки фард бекор бошад. Дар чунин вазъият ӯ монанди мошине аст, ки дар нишебӣ бо суръати зиёд ва бидуни ронанда ба самти поин меравад, гоҳо ба самти рост мечархад, гоҳо ба самти чап.
Ҳар гоҳ, ки дар зиндагӣ бекор мешавӣ, худатро ба нороҳатӣ ва ғаму андӯҳ омода кун. Зеро бекорӣ, ҳамаи парвандаҳои гузашта, ҳозира ва ояндааатро аз сандуқҳои зиндагӣ берун меоварад ва пеши ту мегузорад ва туро ошуфтаву парешон мекунад.
Тавсияи мешавад, ки ба ҷои ин танбалии ҳалркатбор, ба кор ва машғулияти пурсамаре пардозед. Чунки танбалӣ ва бекорӣ, ҳаммонанди зиндабагур кардани ҳиснашаванда аст.
Бекорӣ, ба як шиканҷаи ором ва тадриҷӣ монанд аст, ки дар зиндонҳои Чин зиндониёнро бо он шиканҷа медиҳанд. Онҳо, зиндониёнро зери як лӯлаи об мегузоранд, ки дар ҳар дақиқа аз он як қатра об мечакад. Аз оне, ки зиндонӣ пас аз чакидани як қатра, мунтазири қатраи баъдӣ мешавад, дар ниҳоят бар асари интизориҳри зиёд, девона мешавад.
Роҳат нишастан ғафлат аст ва бекорӣ, дузди ҳирфаӣ. Ақли бекор низ ҳамчун қурбонӣ ва сайде аст, ҷангҳои хиёлӣ онро пора мекунанд.
Пас инак бархез, намоз бигузор, тасбеҳ бигӯй, мутолиа кун, бинавис, ҷои кор ё хонаатро мураттаб кун ва ё ба дигарон кӯмак намо, то ба ин васлиа аз бекорӣ наҷот ёбӣ.
Сари бекориро бо корди кор кардан бибур. Пизишкони дунё низ панҷоҳ дарсади болидагии туро бо ин тавсия тазмин медиҳанд.
Ба кишоварзон ё нонвоён нигоҳ кун, ки онҳо ҳамчун гунҷишкҳо дар камоли саодат ва роҳатӣ тарона мехонанад ва аммо ту бар бистари худ нишастаӣ, ашкҳоятро пок мекунӣ ва ошуфтаву ҳайрон ҳастӣ. Зеро ту неш хӯрда, газида шудаӣ.

Ғам махӯр
633 viewsАбдурашид Қаюмзод, 15:14
Open / Comment
2023-02-14 15:07:57 Барои он, ки захм хуб шавад, дигар ба он даст назанед.
430 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  12:07
Open / Comment
2023-02-14 05:37:37 Парвардигоро!
Имонҳои ғуборгирифтаи моро бо борони раҳмати хеш пок соз ва рӯзи пур аз хайру баракат иноят фармо.


Субҳ ба хайр!
899 viewsАбдурашид Қаюмзод, 02:37
Open / Comment
2023-02-13 13:59:35
Доктор Илоҳии Қумшаӣ мегӯяд:
Вақте дуо мекунӣ, дуои ту аз ин ҷаҳон хориҷ мешавад ва ба ҷое меравад, ки ҳеҷ замоне нест.
Дуоят ба қабл аз пайдоиши олам меравад.
Дуоят ба он ҷое меравад, ки дар ҳоли навиштани тақдири ту ҳастанд.
Ва Тақдирнависи Меҳрубон, тақдиратро бо таваҷҷӯҳ ба дуоят менависад.
---------
Хайртарин дуо, беҳтарин талаб ва зеботарин тақдир нисори шумо дӯстони азиз!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
2.0K viewsАбдурашид Қаюмзод, 10:59
Open / Comment
2023-02-12 07:06:09
Панҷ хислате дар кӯдакон вуҷуд дорад, ки агар дар рафтори бузургсолон нисбат ба Парвардигорашон мебуд, ҳамагӣ авлиёи Худо мешуданд.

。Ҳарос барои касби ризқу рӯзӣ надоранд
。Ба ҳангоми беморӣ аз Холиқи худ шиква намекунанд.
。Таъомро дастаҷамъӣ мехӯранд
。Ҳаргоҳ битарсанд, чашмонашон лабрези ашк мешавад.
。Ва ҳангоме, ки бо ҳам даъво мекунанд, билофосила оштӣ мешаванд.

- سیوطی رحمه الله
438 viewsАбдурашид Қаюмзод, 04:06
Open / Comment
2023-02-12 06:55:59 Ба волидайни худ муҳаббат кунед... Мо баъзан он қадар машғули "бузург" шудан ҳастем, ки фаромуш мекунем онҳо ҳам пир мешаванд.

t.me/azharzoveya
433 viewsАбдурашид Қаюмзод, 03:55
Open / Comment
2023-02-11 12:59:14
Гуфтаҳои Абулқосим Фирдавсӣ дар мавриди хирад:

︎Хирад, бартарин ҳадяи илоҳӣ аст.
︎Хираду дониши марди доно дар гуфтори ӯ ҳувайдост.
︎Касе, ки хирад надорад, ҳамвора аз кардаҳои худ пӯшаймон мешавад ва ранҷ мекашад.
︎Бехирдаӣ асорат ба дунбол дорад ва хирад, муҷибӣ озодӣ ва раҳоӣ аст.
︎Хирад, монанди чашмаи ҳастӣ ва ҷони одамӣ аст ва агар он набошад, чи гуна ҷаҳонро ба дурустӣ хоҳӣ гузаронид?

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
353 viewsАбдурашид Қаюмзод, 09:59
Open / Comment