Get Mystery Box with random crypto!

АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 А
Logo of telegram channel azharzoveya — АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
Channel address: @azharzoveya
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 2.51K
Description from channel

Админ: @qayumzod1990

Ratings & Reviews

2.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 5

2023-02-11 08:26:20 Ба ҳарҷо нотавон дидӣ,
тавон бош,
Ба суди мардуми хомӯш
"забон" бош
!
445 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  05:26
Open / Comment
2023-02-11 07:54:34
859 viewsАбдурашид Қаюмзод, 04:54
Open / Comment
2023-02-10 19:52:16
Пас аз он, ки тасовири берун овардани як навзод аз зери вайронаҳои зилзила расонаҳои дунёро тасхир кард, акнун ҳазорон довталаб барои қабули сарпарастии ин тифл сабти ном кардаанд.
Имдодгарон тавонистанд ин навзодро дар ҳоле, ки банди нофаш ба модараш васл буд, аз зери вайронаҳои шаҳри Ҷандариси Сурия берун оваранд.
Падар, модар, чаҳор хоҳар ва бародари ин тифл зери вайронаҳо ҷон бохтаанд ва ӯ худ ҳоло дар бемористон қарор дорад.

ВВС
561 viewsАбдурашид Қаюмзод, 16:52
Open / Comment
2023-02-10 07:06:23 10. Ба худшиносӣ расидааст.
Гоҳо мо аз дигарон интизороте дорем ва замоне, ки онҳо қодир ба бароварда карданашон набошанд, ноумед мешавем. Мо бояд он қадар маҳоратҳои лозимиро дар худ тақвият кунем, то муҳтоҷи ҳеҷ кас набошем. Робитаи отифӣ бояд роҳе барои тақвияти худшиносӣ бошад.

11. Хушбин аст.
Шарики зиндагии шумо интизороти хушбинонае аз шумо дорад. Ӯ афкори манфиро аз худ дур мекунад ва муътақид ба робитаи хуб ва пойдор аст.

12. Масъулиятпазир аст.
Ӯ набояд танҳо шуморо маншаи тамоми хушбахтиҳояш бидонад. Ҳар касе масъули шодии зиндагии худ аст. Шумо метавонед бузургтарин бахши ин шодӣ бошед, аммо на тамоми он.

13. Эҳсосоти худро идора мекунад.
Як шарики зиндагии хуб ба шумо эҳтиром мегузорад, мудом идораатон намекунад ва дар муқобили дигарон боиси шармандагӣ намешавад.

14. Вақташро бо шумо тақсим мекунад.
Ҳамдилӣ аз дигар хусусиятҳои ҳамсари мувофиқ ст. Ӯ хуб медонад, ки вақте ба якдигар эҳтиёҷ доред, ҳатман дар каноратон бошад.

15. Мустаъқил аст.
Ӯ қобили эътимод ва мусъул аст. Назар, андеша ва ҳатто тавсияи касе барояш боис намешавад, ки робитаи шумо халалдор гардад.

16. Аз шумо ҳимоят мекунад.
Ӯ ҳамеша шуморо ташвиқ мекунад, ки беҳтарин бошед. Аз муваффақиятҳои шумо наметарсад, балкӣ аз он хушҳол мешавад.

17. Ҳамеша барои беҳбудии робита талош мекунад.
Як ҳамсари хуб медонад, ки робитаи шумо ниёз ба муроқибат ва талош дорад. Бинобар ин, ниҳояти талоши худро мекунад, ки робитаи шумо ба беҳтарин шева пеш биравад.

18. Қодир ба гӯфтани "бубхшед" аст.
Фарде, ки ба худогоҳӣ расидааст, аз узрхоҳӣ кардан дар замонҳое, ки муртакиби иштибоҳе шудааст, намеҳаросад.

19. Беҳтарин дӯсти шумост.
Як ҳамсари хуб бояд як дӯсти хуб ҳам бошад. Замоне, ки робита ба мушкилӣ дучор мешавад, дӯстӣ ва самимияти тарафайн аст, ки онро наҷот медиҳад.

20. Содиқ ва қобили эътимод аст.
Ӯ ҳеҷ гоҳ ба шумо дурӯғ намегӯяд. Чун ӯ медонад, ки дуруғ гуфтан ба шарики зиндагӣ, садоқатро аз байн мебарад ва боис ба дилсард шудан аз тарафи муқбил мешавад.

Дар ниҳоят бояд гуфт, ки ҳамаи мо инсон ҳастем ва табии аст, ки наметавонем ҳамеша аз худ беҳтаринро барои шарики зиндагиамон тақдим кунем. Аммо як ҳамсари хуб аксар хусусиятҳоеро, ки дар боло ба он ишора кардем, доро аст.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
436 viewsАбдурашид Қаюмзод, 04:06
Open / Comment
2023-02-10 07:03:37 Беҳтарин ҳамсари дунё бояд чи хусусиятҳое дошта бошад?

Беҳтарин ҳамсари дунё бояд чи хусусиятҳое дошта бошад? Шарики муносиби зиндагии шумо кист? Аагр ба дунболи шарики муносиб дар зиндагӣ мегардед, аммо намедонед, ки ӯ бояд чи хусусиятҳое дошта бошад, ба матлаби зер диққат кунед. Дар ин матлаб ба 20 вижагии як ҳамсари хуб ва шарики зиндагии муносиб ошно шавед.

1. Раги хоби шуморо мешиносад.
Ӯ бо забони ишқи шумо огоҳ аст ва медонад, ки чи замоне бояд каноратон ҳузур дошта бошад, чи калимаҳоеро дар гуфтор бо шумо истифода барад ё чи ҳадияе барои шумо бихарад, ки хушҳол шавед. Ба баёне, ӯ бояд раги хоби шуморо донад.

2. Муқоиса намекунад.
Як ҳамсари хуб тафовути инсонҳоро дарк мекунад ва медонад, ки ҳар шахсе нуқоти заъф ва қавии худро дорад. Бинобар ин, шуморо бо афроди дигар муқоиса намекунад.

3. Ба робитаи дутарфа эътиқод дорад.
Ӯ бояд бидонад, ки як робитаи солим ба талоши ҳарду тараф вобаста аст ва бояд байни онҳо таодул барқарор бошад. Робитаҳои яктараафа дар ниҳоят ба мушкил рӯбарӯ мешаванд.

4. Ба танҳоии шумо эҳтиром мегузорад.
Ҳар фарде ба танҳоӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамсари шумо бояд маънои ҳарими хусусиро дарк кунад. Афроде, ки ин қонунро риоят намекунанд, пас аз муддате аз ҳам хаста мешаванд ва дар робита эҳсоси бадӣ мекунанд. Боз ҳам бояд гуфт, ки дар ҳар чизе таодул лозим аст, ҳатто дар якҷоя будан.

5. Гуфтугӯ бо шумо дар авлавияти ӯст.
Як шарики хуби зиндагӣ иртибот ва гуфтугӯ бо шуморо дар авлавияти кори худ қарор медиҳад. Бидуни гуфтугӯ бо якдигар, мушкилоти кӯчак табдил ба мушкилоти бузург ва ҳалнашаванда мегарданд. Шумо бояд дар гуфтугӯ бо ҳамсари худ озод бошед ва мутмаин бошед, ки ҳарфҳоятон шунида мешавад. Гуфтугӯ барои таҳкими робита муҳим аст.

6. Сода аст.
Як шарики хуб робитаро табдил ба як бозӣ намекунад. Ӯ бо ҳар мушкиле ба содагӣ бархӯрд мекунад ва ба ҷои аксуламалҳои пархошгарона ё ақибнишинӣ, бо шумо ба гуфтугӯ мешинад.

7. Иштибоҳи гузаштаи шуморо фаромӯш мекунад.
Як ҳамсари хуб, гузаштаи шуморо нодида мегирад ва доим иштибоҳотеро, ки ёдоварии онҳо ҳеҷ нафъе ба ҳоли робитаатон надорад, бозгӯ намекунад.

8. Шӯхтабъ аст.
Шӯхтабъӣ аз хусусиятҳои як ҳамсари шоиста аст. Тавре, ки шумо тавонед барои ӯ латифаеро нақл кунед ва бо ҳам бихандед.

9. Мантиқӣ аст.
Фардеро интихоб кунед, ки интизороти мантиқӣ аз шумо дошта бошад. Ҳамаи мо одамҳо гоҳо иштибоҳ мекунем ва ин амри табии акс. Ӯ набояд барои шумо меъёре таъйин кунад, ки худ ба он побанд набошад...
415 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  04:03
Open / Comment
2023-02-09 09:41:08 Агар маъзаратхоҳӣ бароят сахту сангин аст, ба ёд дошта бош, ки тавҳин ва беэҳтиромӣ низ барои дигарон сахт ва ғайри қобили таҳаммул аст.

— Гуфтаи уламо
637 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  06:41
Open / Comment
2023-02-08 14:53:58 Дар гузашта марде бо тахаллуси Соқӣ обфурӯшӣ мекард. Ӯ кӯзае бар пушт дошт ва аз он ба мардум об мерехт ва аз ин тариқ рӯзгорашро пеш мебурд. Мардум Соқиро ба хотири хушсуханӣ ва содагиаш дӯст медоштанд. То ҷое, ки овозаи хушахлоқӣ ва ширинзабониаш ба дарбори шоҳ расид ва шоҳ дастур дод, ки ӯро наздаш ҳозир кунанд. Вазир ба суроғи Соқӣ баромад ва ӯро пайдо намуду ба назди шоҳ овард. Шоҳро низ аз Соқӣ хуш омад ва ба ӯ гуфт: Аз ин баъд ҷои ту қаср аст. Ҳар рӯз барои меҳмонони ман об мерезӣ ва баъд канори ман менишинӣ ва барои ман қисса ва латифа мегӯӣ. Фардои он рӯз кори Соқӣ дар қаср шурӯъ шуд. Ӯ ба толоре, ки пур аз меҳмонон буд, ворид мешуд ва баъд аз додани об ба меҳмонон, канори шоҳ менишаст ва барои шоҳ қисса ва латифа нақл мекард. Баъд аз чанде Соқӣ муҳаббати шоҳро касб кард ва ба ӯ наздиктар ва муҳарраб гардид. Вазирро наздикии шоҳ ва Соқӣ хуш намеомад ва шуълаи ҳасад дар қалбаш аланга мезад. Бинобар ин, як рӯз ҳангоме, ки Соқӣ аз кор мерафт, вазир ӯро наздаш хонд ва гуфт: Эй Соқӣ, оё хабар дорӣ, ки подшоҳ аз бӯи бади даҳони ту шикоят дорад? Соқӣ аз ин сухани вазир маъюс гашт ва пурсид, ки чи бояд кунад? Вазир гуфт: Аз ин пас вақте ба қаср меоӣ, даҳонатро бо дасмтмоле бипӯшон. Субҳи рӯзи баъд Соқӣ даҳонашро бо дастмол пӯшонид ва шурӯъ ба кор кард. Шоҳ аз ин ҳолат тааҷҷуб кард, аммо чизе нагуфт. Чанд рӯзе бо ҳамин минвол гузашт. Рӯзе шоҳ аз вазираш дар мавриди Соқи савол кард, ки чаро доҳони худро мепӯшад? Вазир дар ҷавоб гуфт: Метрсам, ки агар сабаби он корашро бидонед, ғазабнок шавед. Шоҳ гуфт: Натарс ва сабабашро бигӯй. Ба ту амон додам. Вазир гуфт: Соқи аз бӯи даҳони шумо шикоят додрад. Шоҳ аз ин сухани вазир такон хӯрд ва бо ҳолати хашм тахтро тарк кард. Рӯзи баъд шоҳ ҷаллодеро наздаш хонд ва дастур дод, ки шаб ҳар касеро мебинӣ, ки аз қаср хориҷ мешавад ва дар даст гулдаста додрад, қатл кун. Соқӣ тибқи маъмул ба қаср омад ва ба кори худ пардохт ва бегоҳи он рӯз як дастагул аз ҷониби шоҳ ҳамчун тӯҳфа қабул кард. Ҳангоме, ки Соқӣ мехост аз қаср берун шавад, бо вазир рӯбарӯ афтод. Вазир дастаи гулро дид ва пурсид, ки гул аз куҷо? Соқӣ гуфт: Шоҳ тӯҳфа намуд. Вазир бо ҳасодат ва хашм гуфт: Гулро ба ман бидеҳ, ман ба он сазовортар ҳастам. Соқӣ гулро ба вазир дод ва худ ба роҳаш идома дод. Аммо вақте вазир бо дастагул аз қаср хориҷ мешуд, ҷаллод тибқи дастури шоҳ сарашро аз тан ҷудо кард. Рӯзи баъд Соқӣ ба кор омад ва тибқи маъмул ба кор шурӯъ кард. Шоҳ чун ӯро зинда ва саломат дид, ин бор худаш хост, ки сабаби он корро бидонад. Пас аз ӯ пурсид: Соқӣ, барои чи даҳонатро бо дастмол мепӯшӣ? Соқӣ посух дод: Вазир гуфт, ки шумо аз бӯи даҳони ман азият мешавед ва барои ин дастур дод, ки даҳонамро пӯшонам то боиси азияти шумо нашавам. Баъдан шоҳ дар мавриди гулдаста пурсид. Соқӣ гуфт: Дирӯз вақте аз қаср берун мешудам, вазир дастаи гулро аз ман гирифт ва гуфт, ки ман ба ин сазовортар ҳастам. Шоҳ табассуме карду гуфт: Бале, ӯ ба он гул сазовортар буд.

Ҳусни ният ҳаргиз бо ҳасад якҷо намешавад. Аз қадим гуфтаанд: "Чоҳкан, зери чоҳ".

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
803 viewsАбдурашид Қаюмзод, edited  11:53
Open / Comment
2023-02-08 11:33:29
Чи гуна ба дараҷаи тавозӯъ (хоксорӣ, фурӯтанӣ) даст ёбем?
Ибни Қаййим дар посух мегӯяд: "Ба дараҷаи тавозӯъ нахоҳӣ расид, магар ҳангоме, ки ҳақро аз касе дӯст дорӣ ё дӯст надорӣ, бипазирӣ".

مدارج السالکین
750 viewsАбдурашид Қаюмзод, 08:33
Open / Comment
2023-02-07 17:03:02
355 viewsАбдурашид Қаюмзод, 14:03
Open / Comment
2023-02-07 09:22:51
Паёмбар (салому дуруди Худо бар ӯ) фармуданд: "Касе, ки дар хондани Қуръон маҳорат дорад (рӯзи қиёмат) манзалате монанди манзалати фариштагони бузургвор некӯкор хоҳад дошт ва касе, ки бо лакнати забон ва душворӣ онро бихонад, ду подош хоҳад дошт".

Бухорӣ ва Муслим
497 viewsАбдурашид Қаюмзод, 06:22
Open / Comment