Get Mystery Box with random crypto!

Халои бекориро бо кор кардан пур намо. Афроди бекор, ҳамеша | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Халои бекориро бо кор кардан пур намо.

Афроди бекор, ҳамеша ба шоеапардозӣ ва дурӯғбофӣ машғуланд, зеро хотир ва зеҳнашон мушавваш аст. Хатарноктарин ҳолат барои зеҳн, вақте аст, ки фард бекор бошад. Дар чунин вазъият ӯ монанди мошине аст, ки дар нишебӣ бо суръати зиёд ва бидуни ронанда ба самти поин меравад, гоҳо ба самти рост мечархад, гоҳо ба самти чап.
Ҳар гоҳ, ки дар зиндагӣ бекор мешавӣ, худатро ба нороҳатӣ ва ғаму андӯҳ омода кун. Зеро бекорӣ, ҳамаи парвандаҳои гузашта, ҳозира ва ояндааатро аз сандуқҳои зиндагӣ берун меоварад ва пеши ту мегузорад ва туро ошуфтаву парешон мекунад.
Тавсияи мешавад, ки ба ҷои ин танбалии ҳалркатбор, ба кор ва машғулияти пурсамаре пардозед. Чунки танбалӣ ва бекорӣ, ҳаммонанди зиндабагур кардани ҳиснашаванда аст.
Бекорӣ, ба як шиканҷаи ором ва тадриҷӣ монанд аст, ки дар зиндонҳои Чин зиндониёнро бо он шиканҷа медиҳанд. Онҳо, зиндониёнро зери як лӯлаи об мегузоранд, ки дар ҳар дақиқа аз он як қатра об мечакад. Аз оне, ки зиндонӣ пас аз чакидани як қатра, мунтазири қатраи баъдӣ мешавад, дар ниҳоят бар асари интизориҳри зиёд, девона мешавад.
Роҳат нишастан ғафлат аст ва бекорӣ, дузди ҳирфаӣ. Ақли бекор низ ҳамчун қурбонӣ ва сайде аст, ҷангҳои хиёлӣ онро пора мекунанд.
Пас инак бархез, намоз бигузор, тасбеҳ бигӯй, мутолиа кун, бинавис, ҷои кор ё хонаатро мураттаб кун ва ё ба дигарон кӯмак намо, то ба ин васлиа аз бекорӣ наҷот ёбӣ.
Сари бекориро бо корди кор кардан бибур. Пизишкони дунё низ панҷоҳ дарсади болидагии туро бо ин тавсия тазмин медиҳанд.
Ба кишоварзон ё нонвоён нигоҳ кун, ки онҳо ҳамчун гунҷишкҳо дар камоли саодат ва роҳатӣ тарона мехонанад ва аммо ту бар бистари худ нишастаӣ, ашкҳоятро пок мекунӣ ва ошуфтаву ҳайрон ҳастӣ. Зеро ту неш хӯрда, газида шудаӣ.

Ғам махӯр