Get Mystery Box with random crypto!

Лозим аст, ки барои беҳбудии робитаи заношӯӣ, бо зан сӯҳбат ку | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Лозим аст, ки барои беҳбудии робитаи заношӯӣ, бо зан сӯҳбат кунед.

Вақте гумон мекунед, ки ҳамсаратон нороҳат аст, мунтазир намонед, то ӯ ҳарф заданро оғоз кунад. Вақте шумо боби гуфтугӯро оғоз мекунед, ниме аз бори нороҳатӣ ва мушкилоти ӯро кам мекунед. Ҳар гоҳ мехоҳед, ки сӯҳбатҳои ӯро қатъ кунед ва ё онҳоро ислоҳ кунед, фавран худро аз ин кор боз доред. Аагар ӯ намехоҳад, ки сӯҳбат кунад, бо матраҳи саволоти муносиб, ӯро ба ҳарф задан тарғиб намоед. Ва агар чизе бароятон рӯшан нашуд, дубора аз ӯ бипурсед. Ин кор ба зан нишон медиҳад, ки ба ӯ гӯш медиҳед ва дар фикри рафъи мушкилоташ ҳастед.

#Заношӯӣ