Get Mystery Box with random crypto!

Чӣ гуна некӯкорон ба нафсҳои худ менигаристанд? Ибни Қаййим м | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Чӣ гуна некӯкорон ба нафсҳои худ менигаристанд?

Ибни Қаййим мегӯяд: "Бадбинӣ ва нафрат доштан бар нафс, аз сифатҳои сиддиқин аст. Банда тавассути он дар як лаҳза ба Худо, чандин маротиба бештар аз оне, ки бо амал наздик мешавад, қариб мегардад".

Абубакр (р) мегуфт: "Агар мардум ҳолеро, ки ман дар он ҳастам, бидонанд, ҳароина, бар ман хок мепошанд".

Мардуме аз қафои Абуллоҳ ибни Масъуд рафтанд ва ӯ ба онҳо гуфт: "Бар гардед, ки ин хорӣ барои тобеъ (итоаткунанда) ва фитна барои матбуъ (пайравишуда) аст. Агар он чи, ки аз нафси худ медонам, шумо медонистед, бар сари ман хок мепошидед".

Марвизӣ шогирди Имом ибни Ҳанбал мегӯяд: Ибни Ҳанбал ахлоқи тақводоронро зикр карда гуфт: "Аз Худо талаб дорам, ки маро мавриди нафрати худ қарор надиҳад". Мо куҷоуву онҳо куҷо?!

Амири нафси худ бош