Get Mystery Box with random crypto!

Маҷид Маҷидӣ - коргардони филми эронии 'Овози гунҷишкҳо' мегӯ | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Маҷид Маҷидӣ - коргардони филми эронии "Овози гунҷишкҳо" мегӯяд: Дар яке аз шабҳои сарди зимистон, роҳрӯберо дидам, ки мушғӯли ҷоруб задани хиёбон буд. Пеш аз оне, ки мошинамро дар таваққуфгоҳ ҷо кунам, ният кардам, ки ба ӯ пуле диҳам. Аввал каме танбалӣ кардам ва дудила будам, аммо баъдан пулро аз ҷайб баровардаму бисёр эҳтиромона ба ӯ тақдим намудам. Хеле аз ин кори худ меболидам ва эҳсоси хуб будан мекардам. Аммо дидам, ки бо душворӣ талош дорад дастпӯшашро, ки ба дасташ часпида буд, дар биёрад ва баъд пулро бигирад. Исрор кардам, ки чаро намегирӣ? Гуфт: Беадабӣ мешавад. Охир ин "дасти Худо" аст, ки ба ман пул медиҳад.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya