Get Mystery Box with random crypto!

Ва он рӯз, ки кӯҳҳоро равон кунем ва заминро бибинӣ – зоҳиршуд | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Ва он рӯз, ки кӯҳҳоро равон кунем ва заминро бибинӣ – зоҳиршуда; ва мардумонро ҷамъ созем; пас, аз онҳо ҳеҷ касро нагузорем. Ва онҳо саф кашида пеши Парвардигори ту рӯ ба рӯ оварда шаванд; (гӯем:) «Ба дурустӣ, ҳамчунон ки шуморо бори аввал офарида будем, пеши Мо омадед; балки мепиндоштед, ки барои шумо ваъдагоҳе нахоҳем сохт». Ва номаи аъмол дар миён ниҳода шавад; пас, гуноҳкоронро бибинӣ, ки аз он чи дар он аст, тарсонанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо, ин номаро чӣ ҳол аст, ҳеҷ маъсияти хурду бузургро намегузорад, магар ин, ки онро фаро гирифтааст». Ва ҳар чи карда буданд, ҳозир биёбанд. Ва Парвардигори ту бар ҳеҷ кас ситам накунад.

Сураи Каҳф ояҳои 47 - 49