Get Mystery Box with random crypto!

Дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд Ҳеҷ коре нест, ки ба андозаи | АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд

Ҳеҷ коре нест, ки ба андозаи зикри Худо ба дилҳо оромиш бахшад ва подоши бузургтаре аз подоши зикр дошта бошад.

Маро ёд кунед, шуморо ёд мекунам (Бақара 152)

Зикр ва ёди илоҳӣ, биҳишти Худованд дар рӯи замин аст ва ҳар касе вориди ин биҳишт нашавад вориди биҳишти охират намешавад. Зикри Худо, яъне наҷот додани ҷисму рӯҳ аз хастагиҳо ва ошуфтагиҳо ва балки роҳи кӯтоҳ ва осон ба сӯи ҳар навъ муваффақият ва комёбҳо аст.

Омӯзаҳои ваҳйро мутолиа кун, то фоидаҳои зикрро бубинӣ ва аз доруи он истифода кун, то беҳбудӣ ва шифо ҳосил кунӣ. Бо зикри Худо, абрҳои ҳаросу парешони ва ғаму андӯҳ дур мешаванд. Бо ёди Ӯ, кӯҳҳои нороҳатӣ ва ранҷу афсус аз ҷо канда мегарданд.

Тааҷҷубе нест, ки зокирон, эҳсоси оромиш менамоянд, зеро ин ақида ва асли куллӣ аст. Аммо шигифт дар ин аст, ки онҳое, ки аз зикр кардан ғофиланд, чи гуна зиндагӣ мекунанд?

Мурдагоне ҳастанд, ки намедонанд чи замоне барангехта мешаванд (Наҳл 21)

Эй касе, ки аз дарду ранҷ шикоят мекунӣ ва аз ҳаводису рӯйдодҳо оҳу нола сар медиҳӣ, биё ва исми Ӯро садо бизан.

Оё шабеҳ ва ҳаммонанде барои Худо суроғ дорӣ? (Мариям 65)

Ҳарчи бештар Худоро ёд кунӣ, бештар осудахотир мешавӣ, дилат ором мегирад ва эҳсоси хушбахтӣ мекунӣ. Дар зикри Худо, мафҳумҳое ҳамчун таваккал ба Худо, эътимод ба Ӯ, руҷӯъ ва бозгашт ба сӯи Ӯ, ба Ӯ гумони нек доштан, ва интизори гиреҳкушоӣ аз ҷониби Ӯ нуҳуфтаанд. Худованд, наздик аст ҳар гоҳ хонда шавад ва шунаво аст ва садои касеро, ки Ӯро ба фарёд мехонад, мешунавад ва чун аз Ӯ талаб шуд, иҷобат мекунад.
Пас фурӯтанӣ ва зориву тазаррӯъ кун, баёни ягонагии Худо, ситоиши Ӯ, дуо хостан аз Ӯ, ва истиғфору талаби омурзиш аз Ӯро вирди забони хеш гардон, онгоҳ ба ёрӣ ва хости Ӯ, саодат, сурур, нур ва шодиро хоҳӣ ёфт.

Худованд подоши дунё ва беҳтарин подоши охиратро ба онон дод. (Оли Имрон 148)

Ғам махӯр